Музаффар Ашӯриён: Рӯзи Президент — рӯзи иқболи мардуми Тоҷикистон аст
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиши мазкур Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён Рӯзи Президентро рӯзи иқболи мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуда, иброз кард, ки соли 6-ум аст, ки мардуми Тоҷикистон ин рӯзро бо саммияти хосса ва ба таври тантанавӣ ҷашн мегиранд.
Ба гуфтаи М.Ашӯриён, мансаби Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди конститутсионӣ буда, дар Конститутсия тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун салоҳияти масъулияти он мустаҳкам гардидааст. «Аз ҷумла, моддаи 67-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Аз саҳифаҳои таърих бармеояд, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ маросими савгандёдкунӣ ва ба фаъолият шурӯъ кардани Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҳамин рӯзи таърихӣ марҳилаи нави муҳими давлатдории тоҷикон- шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ оғоз ёфт»,-афзуд ӯ.
Иброз гардид, ки мақсад аз рўзи ид муайян кардани 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рўз ба иҷрои фаъолият шурӯъ намудааст. Яъне санаи мазкур рамзӣ буда, на бо таъсиси мансаби Президент ва ё муқарраркунии шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба амалишавии воқеии ниҳоди мазкур рабт дорад.
Мояи ифтихор ва хушбахтист, ки он замон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, на танҳо давлату миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд, балки саҳифаи нави рушди давлатдории тоҷиконро боз карданд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






