Музаффар Ашӯриён: Рӯзи Президент — рӯзи иқболи мардуми Тоҷикистон аст

Ноябрь 16, 2021 15:58

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиши мазкур Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён Рӯзи Президентро рӯзи иқболи мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуда, иброз кард, ки соли 6-ум аст, ки мардуми Тоҷикистон ин рӯзро бо саммияти хосса ва ба таври тантанавӣ ҷашн мегиранд.

Ба гуфтаи М.Ашӯриён, мансаби Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди конститутсионӣ буда, дар Конститутсия  тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун салоҳияти масъулияти он мустаҳкам гардидааст. «Аз ҷумла, моддаи 67-и Конститутсия пешбинӣ менамояд, ки Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Аз саҳифаҳои таърих бармеояд, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии ҶТ маросими савгандёдкунӣ ва ба фаъолият шурӯъ кардани Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҳамин рӯзи таърихӣ марҳилаи нави муҳими давлатдории тоҷикон- шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ оғоз ёфт»,-афзуд ӯ.

Иброз гардид, ки мақсад аз рўзи ид муайян кардани 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон он аст, ки Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рўз ба иҷрои фаъолият шурӯъ намудааст. Яъне санаи мазкур рамзӣ буда, на бо таъсиси мансаби Президент ва ё муқарраркунии шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ба амалишавии воқеии ниҳоди мазкур рабт дорад.

Мояи ифтихор ва хушбахтист, ки он замон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, на танҳо давлату миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд, балки саҳифаи нави рушди давлатдории тоҷиконро боз карданд.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2021 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад