Намояндагии USAID дар Тоҷикистон 60-солагии таъсиси Агентӣ ва 30-солагии иштирок дар рушди кишварамонро таҷлил мекунад

Ноябрь 4, 2021 13:25

ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 60-сола шуд. Он 3 ноябри соли 1961 аз ҷониби маъмурияти Президент Ҷон Кеннедӣ бо ҳадафи муттаҳид кардани чанд ташкилоти мавҷуда ва барномаҳои кумаки беруна дар як агентӣ таъсис дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Дар тӯли шаш даҳсола USAID ҳамчун пешвои ҷаҳонӣ дар рушди байналмилалӣ обрӯю эътибор пайдо карда, бо кишварҳои саросари ҷаҳон ҷиҳати таҳкими ҷомеаҳо ва беҳтар кардани зиндагӣ кор мекунад. Дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон дастаи USAID ва шарикон дар лоиҳаҳои рушд ва башардӯстона, ки ба наҷоти ҳаёт, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳкими идоракунии демократӣ ва беҳбуди тандурустӣ, маориф ва шукуфоии иқтисодии кишварҳо мусоидат менамоянд, якҷоя фаъолият доранд.

Намояндагии USAID дар Тоҷикистон ин санаро дар баробари 30-юмин солгарди иштироки ин агентӣ дар рушди Тоҷикистон таҷлил мекунад. USAID аз соли 1992 инҷониб Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, ба маблағи зиёда аз 650 миллион доллар кумак расондааст ва дар рушди иқтисод, тандурустӣ ва маориф саҳм мегузорад.

Тавассути «Озуқаворӣ ба хотири оянда», ташаббуси глобалии ҳукумати ИМА оид ба мубориза бо камғизоӣ ва камбизоатӣ USAID ба деҳқонон дар гузаштан ба парҳези солим ва зиёд кардани истеҳсоли зироати серғизо, аз ҷумла тавассути дастрасӣ ба 39 навъи нави меваҳо аз ИМА барои эҳёи боғҳо ва ворид шудан ба бозорҳои сердаромад кумак намуд. Аз замони гузариш ба иқтисоди бозорӣ дар натиҷаи ҳамкории USAID бо Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 120 000 деҳқон ба замин ва об дастрасӣ пайдо карданд.

Барои рушди бозорҳои фоидаовари энергетикӣ USAID ба Тоҷикистон дар истифода бурдани манобеи ғании энергияи барқароршавандаи кишвар ва эҷоди иқтидори техникии ширкатҳои энергетикии Тоҷикистон кумак менамояд. Дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, USAID дар Мурғоб як неругоҳи офтобии 200 киловатт бо батареяҳо насб кард, ки ҷамоатҳои дурдасттарин манотиқро бо неруи барқ таъмин мекунад.

ДАР АКС: намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар маросими ифтитоҳи неругоҳи офтобии барқии иктидораш 220 киловатт дар Мурғоб иштирок карданд.

USAID кӯшишҳои навовариро дар ҳавзаҳои дарёҳо барои намоиш додани манфиатҳои амалҳои ба ҳам алоқаманд миёни об, энергетика ва кишоварзӣ, ки устувориро ба хатарҳои иқлим зиёд мекунад, дастгирӣ мекунад ва бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастгирии муколама оид ба захираҳои оби фаромарзӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамкорӣ менамояд.

Дар соҳаи тандурустӣ USAID бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таҳкими системаи тандурустӣ ҳамкорӣ дорад. Ба шарофати Нақшаи Президенти ИМА оид ба рафъи СПИД (PEPFAR), ташаббуси глобалии ҳукумати ИМА алайҳи ВНМО/БПНМ, Тоҷикистон аз соли 2003 барои мубориза бо эпидемияи ВНМО/БПНМ қариб 38 миллион доллар дарёфт кардааст.

USAID Тоҷикистонро дар татбиқи Барномаи миллии мубориза бар зидди сил тавассути пешниҳоди пешгирӣ, ташхис ва табобати муассиртару дастрастар дастгирӣ менамояд. USAID реҷаи кӯтоҳтари табобати бемории сили ба доруҳои гуногун тобоварро ҷорӣ кард, ки давраи табобатро аз 24 то 9 моҳ коҳиш дод. Гурӯҳи якуми 324 нафар беморон курси кӯтоҳтари табобатро тамом карда, пурра шифо ёфтанд. Ин реҷаи самараноктар ҳоло қисми Протоколи миллии мубориза бо сил мебошад.

Дастгирии USAID барои саломатии модар, кӯдак ва ғизо ба коҳиши умумии сатҳи камғизоӣ дар байни кӯдакони то панҷсола аз 25 фоиз то 18 фоиз; камғизоӣ аз 11 фоиз то 6 фоиз дар минтақаҳои мавриди ҳадаф; ва кам шудани фавти навзодон аз 33 то 27 ба 1000 зиндатаваллуд мусоидат намуд.

Аз соли 2002 инҷониб USAID ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф ҳудуди 60 миллион доллар ҷудо кардааст. USAID дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастрасии маводи хониши мувофиқи синну сол ба забони тоҷикиро афзоиш дод ва 1,3 миллион китобро ба қариб 80 дарсади мактабҳои саросари кишвар ҳадя намуд. USAID 1560 китоб бо ҳуруфи Брайлро чоп ва паҳн карда, 61 китоби аудиоиро таҳия намудааст, то ба донишҷӯёни дорои босираашон суст дар дастрасӣ ба маводи босифати таълимӣ кумак расонанд. Дар Тоҷикистон бори нахуст аз соли 1991 китобҳо бо ҳуруфи Брайл ба чоп мерасанд. Хамаи ин тадбирҳо ба бештар аз 22 фоиз баланд шудани сифати таълим ва хониши озодонаи хонандагони синфҳои 4 мусоидат карданд.

USAID ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷикро тарғиб кард, тавассути барномаҳои радиоӣ ва дарсҳои видеоӣ сатҳи огоҳӣ дар бораи муҳоҷирати бехатарро баланд бардошт. Дар натиҷа, муҳоҷирон фаҳмиши беҳтар ва риояи қонунҳои муҳоҷират дар кишварҳои таъйиншуда доранд, ки осебпазирии онҳоро дар баробари қочоқи инсон коҳиш додааст. Тавассути телефони боварии USAID ба 62,650 шаҳрванди Тоҷикистон машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ дода шудааст. 400 муҳоҷири корӣ, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоштанд, кумакҳои иҷтимоӣ, омӯзишӣ ва молӣ дарёфт карданд, ки ба онҳо дар ҳамгироӣ бо ҷомеаи худ кумак намуд.

Аз моҳи марти соли 2020 USAID барои таҳкими вокуниши Тоҷикистон ба пандемияи COVID-19 беш аз 10,2 миллион доллар ҷудо кард. Ҳукумати ИМА тавассути USAID ба Тоҷикистон беш аз 1,8 миллион ваксинаи Moderna ва Pfizer бар зидди COVID-19 тақдим намуд. Ин кумак ба такмил додани системаҳои лабораторӣ ва амалиёти озмоишӣ, омӯзиши кормандони соҳаи тиб, таъмини таҷҳизоти лабораторӣ ва оксиген барои экосистема, омӯзиши коргарон дар санҷиши бандарҳо ҳангоми вуруд, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ тавассути иштироки ҷомеа, фароҳам овардани имконияти шуғл барои коргарони овора, расонидани кумаки ғизоӣ барои одамони осебпазиртарин ва бисёр чизҳои дигар мусоидат кард.

28 сентябри соли 2020 Кит Симмонс (ДАР АКСИ БОЛО) дар Сафорати ИМА дар Душанбе ба ҳайси Директори иҷроияи Намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Таъсиси намояндагии алоҳидаи USAID дар Тоҷикистон аз таҳкими шарикии Иёлоти Муттаҳида бо мардуми тоҷик ва пуштибонӣ аз рушд дар саросари кишвар шаҳодат медиҳад.

Ҷаноби Симмонс дар соҳаи рушди байналмилалӣ дар USAID, Департаменти давлатии ИМА ва Корпуси сулҳи ИМА таҷрибаи беш аз 40-сола дорад. Ӯ дар Аврупо, Авруосиё, Африқо ва Осиё фаъолият кардааст. Таъйини охирини ӯ дар намояндагии USAID дар Ҳиндустон ба ҳайси директор буд.

Омадани ҷаноби Симмонс бо оғози якчанд лоиҳаҳои нави USAID ба маблағи тақрибан 100 миллион доллар дар соҳаҳои кишоварзӣ ва идораи захираҳои замин, обтаъминкунӣ, маориф, тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон рост омад.

АКСҲJ: намояндагии USAID дар Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2021 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд
Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар Женева татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти об ва иқлим баррасӣ шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод
Бахтовар Сафарзода: «Муносибати Тоҷикистон ва Беларус дар сатҳи баланди боварӣ ва дӯстии дуҷониба қарор дорад»
Раванди амалишавии лоиҳаҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт