Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Туркия сафар карданд
ДУШАНБЕ, 01.11.20212 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои омӯзиши таҷриба, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ дар минтақа ва роҳандозии ҳамкорӣ ба Туркия сафар намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон.
Сафари мазкур бо ибтикор ва пешбурди Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) созмон дода шудааст. Туркия яке аз истеҳсолкунанда ва содироткунандаи бузургтарини маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон бо таърихи куҳани соҳа маҳсуб мешавад.
Ҳайати Тоҷикистон аз роҳбарон ва намояндагони 12 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, ҳадаф аз сафар шиносоии намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо занҷираи арзиши иловашудаи соҳаи нассоҷӣ дар минтақаҳои Истанбул ва Бурса мебошад.
Интизор меравад, ки роҳбарони ширкатҳои тоҷик бо ҳамтоёни турк робитаҳои нави тиҷоратӣ барқарор намуда, бозори ашёи хому фазои фурӯшгоҳҳои чаканаи маҳсулоти соҳаро меомӯзанд. Онҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳо ва сиёсатгузориҳои соҳавӣ дар Туркия, ба мисли молиёт ва андоз, тартиби содироту воридот, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва пуштибонии давлат аз соҳа маълумот мегиранд. Вохӯриҳо бо иттиҳодияҳои соҳавӣ барои эҷоди ҳамкорӣ дар оянда замина фароҳам хоҳад овард.
Илова бар ин, ҳайати Тоҷикистон аз ширкатҳои истеҳсолии Туркия боздид ба амал оварда, бо технология ва равандҳои истеҳсолии ин корхонаҳо шинос мешавад ва таҷрибаи онҳоро меомӯзад. Боздид ва шиносоӣ бо марказҳои тиҷоратӣ ва фурӯшгоҳҳои чакана низ дар нақша аст.
Ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои хизматрасони тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ мешавад.
Инчунин соҳибкорони ду кишвар дар дидорҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ (B2B) ҳамкорӣ дар масъалаҳои гуногун, аз ҷумла эҳтимоли бунёди ширкатҳои муштаракро баррасӣ хоҳанд кард.
Сафари омӯзишии намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон то 6 ноябр идома меёбад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд






