Намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим мулоқот намуданд

Ноябрь 5, 2021 15:45

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Глазгои Шоҳигарии Британияи Кабир (Англия) мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони порлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар кори он раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба таври онлайн иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иброз намуд, ки мулоқоти имрӯза  дар чаҳорчӯби Конференсияи 26-уми нав анҷомёфтаи Созмони Милали  Муттаҳид оид ба уҳдадориҳои Созишномаи Париж роҷеъ ба амалиёти иқлим босуръат ҷараён дорад. Ин падида нишон медиҳад, ки ҳамаи мо то чӣ андоза нигарони тағйирёбии иқлим ҳастем,-гуфт ӯ ва идома дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафҳо ва масъулияти ҳифзи иқлимро ҷонибдорӣ менамояд.

Итминони комил дорем, ки Созишномаи Париж бояд василаи асосие гардад, ки саъю кӯшишҳои кишварҳоро дар мубориза бо сабабҳои тағйирёбии иқлим муттаҳид созад ва афзоиши партовҳои газҳои гулхонаиро ҷилавгирӣ кунад.

-Кишвари мо мавқеи миллии худро дар посух ба муроҷиати СММ оид ба муқаррароти Созишномаи Париж, роҷеъ ба нигоҳ доштани ҳарорати миёнаи сайёра изҳор намуда, дар ин раванд  дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Сарфи назар аз он ки саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера дар миқёси ҷаҳонӣ ночиз аст, бо вуҷуди ин кишвари мо аз ҷиҳати тағйирёбии иқлим яке аз осебпазиртарин кишварҳо ба шумор меравад. Имрӯз бахшҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим дучор омадаанд.

Раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон ҳамчунин иброз намуд, ки мушоҳидаҳои тӯлонӣ аз афзоиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳанд.

Тибқи ин мушоҳидаҳо, дар тӯли шаст соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа боло рафта, басомад ва шиддати ҳодисаҳои табиии обуҳавошиносӣ афзоиш ёфтааст.

Зери таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон ҳаводиси табиӣ дар шакли обхезӣ, сел, фаромадани тарма ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар хисороти ҷиддӣ ворид мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои худро оид ба маҳдуд кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ пурра иҷро мекунад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар таҳким ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас оид ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла вазифаҳои марбут ба захираҳои об саҳми арзанда доранд. Дар доираи Стратегияи ислоҳоти системаи давлатии хоҷагии об ва Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, ба зиёда аз 30 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи арзёбии таъсири муҳити зист», «Дар бораи партовҳои саноатӣ ва истеъмолӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд.

Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ҳамчунин таъкид намуд, ки истифодаи иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон барои таъмини кишварҳои минтақа бо энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза – яке аз асосҳои рушди «иқтисоди сабз» метавонад дар коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера саҳми ҷиддӣ гузорад.

Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати идомаи ҷустуҷӯи роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, ноил шудан ба бетарафии карбон ва дигар мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ самимона манфиатдор аст.

Дар ҳамоиш ҳамчунин намояндагони парлумонҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

АКС аз бойгонии АМИТ “Ховар”

Ноябрь 5, 2021 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»