Нишонаи Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ тасдиқ гардид

Ноябрь 17, 2021 15:32

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби  мутахассисони соҳа нишонаи (логотипи) Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва дар мувофиқа бо мақомоти болоӣ ва қарори ҳайати мушовараи Саридора тасдиқ шуд, ки минбаъд дар фаъолияти хизматӣ истифода бурда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ.

Нишонаи мазкур бо мақсади иҷрои банди дахлдори Низомномаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Нишона дар шакли сипар сохта шуда, асосан маънои ҳифзро дорад. Дар дохили  он  глобус ва харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, компютер, рамзҳои ҳуҷҷатӣ, электронӣ ва коғазӣ, инчунин қулф тасвир шудааст. Глобус ва харита маънои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, аз ҷумла ҳифзи иттилоот дар ҳомилҳои электронӣ ва коғазӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, аз ҷониби Саридора амалӣ карда мешавад.

Ҳомилҳои электронии иттилоот дар воситаҳои техникӣ коркард шуда, бо ин мақсад компютер дар нишона тасвир шудааст. Бо дарназардошти пешгирии ихроҷи иттилоот тавасути каналҳои техникӣ шакли дахлдори глобус дар дохили сипар ҷой дода шудааст.

Дар қисмати болои нишона бо мақсади эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз поён номи пурраи Саридора тасвир шуда, атрофи сипар бо 7 ситора, ки мазмуни он дар тасвири Нишони давлатӣ зикр гардидааст, оро дода шудааст.

АКС аз Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ

Ноябрь 17, 2021 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа