Нишонаи Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони соҳа нишонаи (логотипи) Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва дар мувофиқа бо мақомоти болоӣ ва қарори ҳайати мушовараи Саридора тасдиқ шуд, ки минбаъд дар фаъолияти хизматӣ истифода бурда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ.
Нишонаи мазкур бо мақсади иҷрои банди дахлдори Низомномаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Нишона дар шакли сипар сохта шуда, асосан маънои ҳифзро дорад. Дар дохили он глобус ва харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, компютер, рамзҳои ҳуҷҷатӣ, электронӣ ва коғазӣ, инчунин қулф тасвир шудааст. Глобус ва харита маънои ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, аз ҷумла ҳифзи иттилоот дар ҳомилҳои электронӣ ва коғазӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, аз ҷониби Саридора амалӣ карда мешавад.
Ҳомилҳои электронии иттилоот дар воситаҳои техникӣ коркард шуда, бо ин мақсад компютер дар нишона тасвир шудааст. Бо дарназардошти пешгирии ихроҷи иттилоот тавасути каналҳои техникӣ шакли дахлдори глобус дар дохили сипар ҷой дода шудааст.
Дар қисмати болои нишона бо мақсади эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз поён номи пурраи Саридора тасвир шуда, атрофи сипар бо 7 ситора, ки мазмуни он дар тасвири Нишони давлатӣ зикр гардидааст, оро дода шудааст.
АКС аз Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд






