Нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонии ҶДММ «Султони Кабир» ба дигар маҳал кӯчонида мешаванд

Ноябрь 25, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба талаботи меъморию шаҳрсозии муосир мувофиқ намудани кӯчаҳои Н.Қарабоев, Абайи ноҳияи Фирдавсӣ ва А. Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти бозор, нуқтаҳои фурӯш ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Султони Кабир» аз 1 марти соли 2022 боз дошта шуда, минбаъд бо тартиби муқарраргардида фаъолияти соҳибкорон дар дигар маҳал ба роҳ монда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳиРаиси шаҳри Душанбе.

Инчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Саид»-«Осиё» ва атрофи он дар ноҳияи Фирдавсӣ, маркази савдои «Мадад», воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомии ноҳияи Сино дар дигар маҳал ҷойгир карда мешаванд.

Иқдоми мазкур бо қарор аз 24 ноябри соли 2021 амалӣ гардида, бо мақсади  тадбиқи бомароми нақшаи генералӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини шароити мусоид ба сокинони пойтахт ва бунёди иншооти тандурустиву солимгардонӣ,  таъмини ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳҳо ва танзими давлатии савдо роҳандозӣ мегардад.

Тазаккур бояд дод, ки бунёди шаҳраки тиббӣ, марказҳои солимгардонӣ бо минтақаи сабзазоркунии истифодаи умум ҳанӯз дар нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар соли 1983 таҳия ва тасдиқ шуда буд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Ноябрь 25, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст