ОБ ЗАХИРА КУНЕД! 4 ноябр дар ноҳияи Синои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

Ноябрь 3, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар кӯчаи Б. Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шоҳқубури хобонидашудаи қутраш  600мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 600мм пайваст карда  мешавад. Зимни иҷрои корҳои пайвасткунӣ  аз соати 08-00 то соати 22-00-и   4 ноябри соли 2021 интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  аз 3 ноябри соли равон ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.       

Тавре дар қарори мазкур омадааст,  дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино — шаҳракҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104 ва 112, маҳаллаҳои Зарафшон 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Деҳи боло, Буни Ҳисорак, Панҷруд, Лучоби боло ва поён, Қазоқон 1 ва 2, Ободкорон, Бунёдкорон, Зафар, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Авул 1 ва 2, кӯчаҳои Б. Ҳамдам, А. Навоӣ, Б. Ғафуров, Н. Махсум, Шамсӣ, А. Сино ва Баҳовуддинов аз соати 08-00 то соати 22-00 –и  4 ноябри соли равон  қатъ мегардад.

Раиси шаҳр дар қарори зикршуда  раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-ро вазифадор намудааст, ки  дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 3, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд