ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи, бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 21-26 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1-6 дараҷа хунук рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук , рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






