ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад

Ноябрь 14, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 14.11.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда,  дар баъзе ноҳияҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  0-5  дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17  дараҷа  хунук, рӯзона аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд.  Шамол  аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа  ва рӯзона 9+14  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1-6 дараҷа хунук,  рӯзона 4+9  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  дараҷа гарм  ва рӯзона 9+14  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7  дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон, барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона  8+13  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда,  борони кӯтоҳмуддат меборад.   Шамол аз самти ғарб суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  3+5 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 14, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад