ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда мешавад

Ноябрь 18, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда мешавад, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  2-7  дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15  дараҷа  хунук, рӯзона 2-7 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  7-12  дараҷа хунук  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, баъзе ноҳияҳо бориши борон, барф ба амал меояд.  Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  тағйирёбанда шуда, саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо барф меборад.  Рӯзона ҳавои бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона  4+9  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук  ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, саҳаргоҳон бориши сусти барф ба амал меояд. Рӯзона бебориш шуда, тормеғ мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 18, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд