ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Ноябрь 12, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст, иттилоъ медиҳад  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз 3 дараҷа хунук  то 2 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 дараҷа  хунук, рӯзона аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол  аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа унук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  2-7 дараҷа хунук  рӯзона 4+9  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6  дараҷа гарм  ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона  12+17  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  0+2 дараҷа гарм ва рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 12, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад