ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 07.11.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи, бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 21-26 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1-6 дараҷа хунук рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






