Олимони Тоҷикистон ва Русия ҳамроҳ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Институти тадқиқоти демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Русия дар бобати иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани онлайн-лексияҳо ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ созишномаи ҳамкории тарафайн баста шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба донишкадаи мазкур.
Созишнома 25 ноябр дар мизи мудаввари байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои иҷтимоӣ-демографии давлатҳои ИДМ дар марҳилаи COVID-19», ки дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки меҳмонони ватаниву хориҷӣ баргузор шуд, ба имзо расид.
Дар ҳамоиш аз ҷониби директори Институти тадқиқоти демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Русия Сергей Рязансев дар мавзӯи «Рушди демографии давлатҳои ИДМ: 30 соли пошхӯрии ИҶШС», муовини директор Артём Лукянес дар мавзӯи «Муҳоҷирати иқлимӣ ҳамчуни тренди муосир», корманди пешбари маркази илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, профессор Абдумавлон Азимов дар мавзӯи «Муҳоҷирати таълимӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Дар фазои тантанавӣ директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Ҳомид Ҳошимзода ба директори Институти тадқиқоти демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Русия Сергей Рязансев дипломи «Профессори фахрӣ» -и донишкадаро супорид.
Ҳамоиши байналмилалии илмӣ бо муҳокимаҳои илмӣ ва баррасии пешниҳодҳои судманд ба анҷом расид.
АКС: Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






