ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои хуб гузаронидани фасли сармо дастури мушаххас гирифтанд
ДУШАНБЕ, 07.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилу санҷишҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон нишон доданд, ки омодагии соҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ба таври зарурӣ буда, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят ин раванд аз 20 то 85 фисад иҷро гардидааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи масъулин, ба ҳолати 1 ноябр захираи ангишт дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 20 то 80 дарсад таъмин гардида, дастрасӣ ба ҳезум низ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Н.Хусрав, Муъминобод, ва Ш.Шоҳин аз 30 то 40 фисад таъмин гардидааст. Аммо захираи сӯзишвории дизелӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо барои соҳаи маориф ба талабот ҷавобгӯ нест.
Муовини раиси вилоят, ҳамзамон раиси ситоди вилоятӣ оид ба зимистонгузаронӣ Заробиддин Файзуллозода 4 ноябр зимни гузаронидани ҷаласаи ситоди вилоят масъулини шаҳру ноҳияҳоеро, ки омодагиашон барои зимистонгузаронӣ дар ҳолати паст қарор дорад, мавриди пурсиш қарор дода, оид ба иҷро нагардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳукумати мамлакат ва дар ин замина қарори раиси вилоят дар мавриди омодагии хуб надоштани соҳаҳо ба давраи зимистон изҳори нигаронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки зимистони имсола нисбат ба соли гузашта сард пешбинӣ гардида, бояд масъулину мутасаддиён ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона созанд.
Муовини раиси вилоят ба масъулини ташкилоту муассисаҳои вилояти ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дидани омодагии ҷиддӣ ба фасли сармо дастур дода, таъкид намуд, ки камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро тӯли як ҳафта бартараф намуда, аз натиҷааш ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маълумот пешниҳод намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»/шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон










Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






