ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои хуб гузаронидани фасли сармо дастури мушаххас гирифтанд

Ноябрь 7, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 07.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилу санҷишҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон нишон доданд, ки омодагии соҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ба таври зарурӣ буда, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят ин раванд аз 20 то 85 фисад иҷро гардидааст,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи масъулин, ба ҳолати 1 ноябр захираи ангишт дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 20 то 80 дарсад таъмин гардида, дастрасӣ ба ҳезум низ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Кӯшониён, Хуросон, Қубодиён, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Н.Хусрав, Муъминобод, ва Ш.Шоҳин аз 30 то 40 фисад таъмин гардидааст. Аммо захираи сӯзишвории дизелӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо барои соҳаи маориф ба талабот ҷавобгӯ нест.

Муовини раиси вилоят, ҳамзамон раиси ситоди вилоятӣ оид ба зимистонгузаронӣ Заробиддин Файзуллозода 4 ноябр  зимни гузаронидани ҷаласаи ситоди вилоят масъулини шаҳру ноҳияҳоеро, ки омодагиашон барои зимистонгузаронӣ дар ҳолати паст қарор дорад, мавриди пурсиш қарор дода, оид ба иҷро нагардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳукумати мамлакат ва дар ин замина қарори раиси вилоят дар мавриди омодагии хуб надоштани соҳаҳо ба давраи зимистон изҳори нигаронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки зимистони имсола нисбат ба соли гузашта сард пешбинӣ гардида, бояд масъулину мутасаддиён ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи зарурӣ  равона созанд.

Муовини раиси вилоят ба масъулини ташкилоту муассисаҳои вилояти ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дидани омодагии ҷиддӣ ба фасли сармо дастур дода, таъкид намуд, ки камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро тӯли як ҳафта бартараф намуда, аз натиҷааш ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маълумот пешниҳод намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»/шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон  

Ноябрь 7, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ҳамчун «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
«Centrum Air» парвозҳои мустақимро дар масири Тошканд-Душанбе-Тошканд ва Самарқанд-Душанбе-Самарқанд оғоз менамояд
Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоди парвозҳои мунтазам ва хатсайри автобусҳоро афзоиш медиҳанд
Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад