ОЗМУНИ АМИТ «ХОВАР». САЙЁҲИИ ТАБОБАТИЮ СОЛИМГАРДОНӢ: Тоҷикистон бо нодиртарин обҳои шифобахшаш метавонад дар ин самт яке аз кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон гардад
ДУШАНБЕ, 06.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 200 чашмаи оби минералии шифобахш мавҷуд аст, ки 71-тои он дорои оби гарм ва 43-тоаш дорои оби хунук мебошанд. Захираи зиёди обҳои шифобахш, ки аз замини доманакӯҳҳо ба таври табиӣ ё сунъӣ фаввора зада мебароянд, аз ҳисоби сермаъдан будани қабатҳои замини кишвар қобилияти шифобахшӣ дошта, баъзе аз онҳо дар дунё нодиртарин ба шумор мераванд. Захира ва имконияти Тоҷикистон дар самти сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар минтақа бесобиқа унвон мешавад. Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши кишвар чашмаҳои «Хоҷа Оби Гарм», «Явроз», «Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Гармчашма», «Ҳавотоғ», «Зумрад», чашмаи «Бибӣ Фотимаи Заҳро», «Авҷ», «Ямчун» ва «Зонг» мебошанд, ки барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.
Тавре Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода иброз дошт, «имрӯз бо дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми шароит фароҳам аст. Заминаҳои ҳуқуқию иқтисодию иҷтимоӣ мавҷуд буда, бо истифода аз захираҳои нотакрори сарзамин мо метавонем дар самти сайёҳии табобатӣ Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои рушдкардаи олам табдил диҳем. Тамоми шароиту имконот мавҷуд аст, танҳо ғояҳои нав, истифодаи пурсамари захираҳо, омода намудани мутахассисон, тарғибу ташвиқ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ зарур аст, ки ин ҳама ҳадафҳои олӣ дар доираи татбиқ гардидани Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мегарданд».
— Аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нави сабукрав, низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 112 давлати хориҷӣ аз муҳимтарин тадбирҳоеанд, ки барои рушди бемайлони соҳа замина мегузоранд. Дар иртибот бо манзур намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба ширкатҳои сайёҳӣ алҳол дар мамлакат бунёду таҷдиди иншооти сайёҳӣ босуръат дар осоишгоҳҳою истироҳатгоҳҳо, назири «Сатурн», «Баҳористон», «Зумрад», «Сафеддара» ва боз чандин иншооти фароғатию сайёҳӣ идома дошта, «Шоҳамбарӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он ба рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар мамлакат ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар мусоидат менамояд,-афзуд Тоҷиддин Ҷӯразода.
«Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» дар рушди сайёҳати табобатӣ нақши муассир мегузорад
Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» иншооти навинест, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, бо дастгоҳҳои муолиҷавию табобатии замонавӣ таъмин буда, дар он беҳтарин мутахассисон ва табибон ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Бо итминон метавон гуфт, ки ин осоишгоҳ дар ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ низ бо мавҷудияти шароити зикршуда ва табиати биҳиштосо нақши муассир хоҳад гузошт.
2 июл бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Алмосӣ, деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Оби маъдании шифобахши «Шоҳамбарӣ» муъҷизаи нотакрор буда, дар таркибаш 17 намуд элементҳои кимиёвӣ вуҷуд дорад ва барои бемориҳои узвҳои ҳозима, такягоҳ, асаб, касалиҳои пӯст, бемории қанд ва ғайра пешбинӣ шудааст. Номи осоишгоҳ аз номи оби маъдани чашма гирифта шуда, дар сарчашмаҳои таърихӣ оид ба аҳамият ва шуҳрати он маълумоти зиёде мавҷуд аст. Қаблан сокинони шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва дигар минтақаҳои кишвар аз сабаби набудани чунин шароити мусоиди истироҳату табобат бо сарфи маблағҳои калон ба берун аз кишвар мерафтанд. Акнун ин осоишгоҳ мушкилашонро осон ва орзуҳояшонро ҷиҳати солимии руҳу тан амалӣ сохт.
Тибқи иттилои масъулин, то оғози корҳои сохтмонию навсозӣ дар «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» ҳамагӣ 60 нафар фаъолият мекард. Баъди навсозӣ ва ба истифода додани бинои «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» имконият фароҳам омад, ки дар ин ҷо зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардад.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва навсозии осоишгоҳ зиёда аз 1000 нафар мутахассис ва сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмонии осоишгоҳ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд.
Бинои муолиҷавӣ дар масоҳати умумии 4336 метри мураббаъ бунёд гардида, аз чор ошёна иборат аст. Дар бинои мазкур дар як вақт то 1000 нафар ба муолиҷа ва фароғат фаро гирифта мешавад.
Ба мизоҷон табибони соҳибтаҷриба ва дорои тахассуси баланди касбӣ хизмат мерасонанд ва барои табобату истироҳати шаҳрвандон беҳтарин таҷҳизот ва дастгоҳҳои замонавӣ дастрас шуда, барои солимгардонии бадан низ шароити мусоид фароҳам аст.
Дар бинои фароғатӣ, ки аз панҷ ошёна иборат аст, барои баргузории чорабиниҳо чор маҷлисгоҳи хурду миёна сохта шудааст. Масоҳати умумии бино 5762 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бинои асосии осоишгоҳ аз панҷ ошёна бо 500 кат пурра таъмир ва навсозӣ гардида, дорои ошхона барои хизматрасонӣ ба 200 нафар дар як вақт, маҷлисгоҳ барои 300 нафар, толори варзишӣ ва солимгардонӣ мебошад.
Дар бинои асосӣ ошпазҳо барои мизоҷон хӯрокҳои миллию парҳезӣ ва дархостӣ тайёр мекунанд.
Дар баробари фароғату табобат дар бинои мазкур барои гузаронидани мизҳои мудаввар, конференсия ва нишастҳои илмию фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ шароити мусоид бо технология, роҳаткурсиҳо, тахтаҳои таблиғотӣ, тақвияти овоз ва дигар таҷҳизоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар толори варзишӣ истироҳаткунандагон метавонанд, ки дар як вақт ба варзиш машғул шаванд ва дар ин маркази варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои дохили осоишгоҳӣ ва дигар чорабиниҳо шароити муосир муҳайё гардидааст.
Бинои Амфитеатр бо 560 ҷойи нишаст дар масоҳати умумии 983 метри мураббаъ ба таври замонавӣ сохта шудааст.
Дар бинои Амфитеатр имкон аст, ки дар баробари баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, шабҳои эҷодӣ, барномаҳои консертӣ ва дигар тадбирҳои фарҳангию сиёсӣ, гузаронида шуда, имконият аст дар манитори калонҳаҷм филмҳо намоиш дода шавад.
Барои табобатгирандагон, сайёҳони дохилию хориҷӣ ва шаҳрвандон 11 дӯкон дар шафати Амфитеатр бунёд гардидааст, ки барои фурӯши доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш, туҳфаҳо аз маҳсули дасти ҳунармандон, аз қабили ҳунарҳои кулолгарӣ, дӯзандагӣ, ресандагӣ, чубкорӣ, заргарӣ, дуконҳои фурӯши молҳои ниёзи мардум ва обҳои ташнашикан хизмат мерасонанд. Дӯконҳои мазкур тарҳи замонавӣ дошта, бо санъати зебои миллӣ ороиш ёфтааст.
Каҳвахона-ошхонаи миллӣ бо 140 ҷой сохта шудааст ва масоҳати умумии бино 475 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Бино дар баробари таҷассуми нақшу нигори миллӣ дар муаррифии таомули миллати тоҷик, хусусан дар соҳаи таббохӣ ва хӯрокҳои миллӣ дар ояндаи наздик хизмати арзандаро анҷом хоҳад дод, зеро ба шаҳрвандони дохилию хориҷӣ беҳтарин ошпазҳо бо пешниҳоди навъҳои гуногуни хӯроки миллӣ, аз гиёҳу растаниҳои шифобахш ва тарзи пухтани он бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавии Тоҷикистон ва табобатии он хизмат мерасонанд.
Бахши гиёҳдармонӣ дар баробари оби табиии шифобахш аз имкониятҳои хуби табобату муолиҷаи беморон мебошад.
Дар назди осоишгоҳ хоҷагии ёрирасон бо дарахтони мевадиҳанда дар масоҳати 60 гектар бунёд гардидааст, ки барои бо меваҳои тару тоза таъмин намудани мизоҷон фаъолият хоҳад кард.
Чоҳи амудии оби маъдани осоишгоҳ дар чуқурии 1546 метр навсозӣ гардидааст. Оби маъдани мазкур хусусияти табобатӣ дошта, аз замонҳои пеш то ба рӯзгори мо барои табобати беморон, махсусан узвҳои ҳозима шуҳратёр шудааст.
Сохтмони хати нави оби нӯшокӣ аз дарёи Чангоб дар масофаи зиёда аз 10 километр то осоишгоҳ сохта шуда, оби он ба меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ ҷавобгӯ мебошад ва аз пиряху обҳои чашмаҳои қаторкуҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад.
Таъмири роҳҳои берун ва дохили осоишгоҳ дар масоҳати 15 ҳазор метри мураббаъ, ободонии гирду атрофи осоишгоҳ дар майдони 9 гектар ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 700 метр канали селпарто ва дар масофаи 600 метр деворҳои такягоҳӣ сохта шудааст.
Сафолакпушии майдону роҳҳои атрофи биноҳои осоишгоҳ масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, 40 ҳазор дона дарахтони ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз 1 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди осоишгоҳ дар баробари парвариши ниҳолу дарахтони маҳаллӣ — парвариши нодиртарин ниҳолу дарахтони сояафкан ба роҳ монда шудааст, ки дар ояндаи наздик табиати осоишгоҳро дучанд гуворо ва файзбахшу диданитар хоҳад кард.
Ҳамчунин дар масофаи 11 километр роҳи нақлиётгарди гардишгоҳи Алмосӣ то даромадгоҳи осоишгоҳ ба пуррагӣ мумфарш гардида, дар ду шафати роҳ пояҳои чароғҳои рӯшноидиҳанда насб шудааст.
Барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба корафтодагон хатсайри ҳаракати нақлиёт аз самти шаҳраки Ҳисор то Шоҳамбарӣ ва аз Шоҳамбарӣ то шаҳраки Ҳисор таъсис ёфтааст, ки ҳамарӯза ба хизмати аҳолӣ омодааст.
Сокинони се деҳаи атрофи осоишгоҳ баъди таъмири роҳи мошингард ва ташкили хатсайри нав метавонанд дар вақти кутоҳ бо сарфаи вақт ва маблағ ба макони дилхоҳ расанд.
Иловатан бар ин хатсайри сайёҳӣ низ таъсис дода шуда, дар сурати фармоиш метавонад шавҳрвандонро аз манзили зист ва ҷои дархосткардаашон то осоишгоҳ бирасонад. Ба шаҳрвандон нақлиёт ва ронандагони дорои малакаи хуби касбӣ хизмат мерасонанд ва нархи хизматрасонӣ низ дастрас мебошад.
Барои дастрасии мизоҷон бо алоқаи хуби телефонӣ ва интернет хати баландсуръати интернет кашида шуда, дар ҳар як утоқ насб гардидааст.
Маҳбону НУРОВА,
омӯзгори мактаби № 49 ш. Душанбе
АКСҲО аз манбаъҳои боз