Пагоҳ ба шарафи Рӯзи Президент намоиш-фурӯши китобҳо доир мешавад
ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, соати 15:00, дар саҳни бинои Сирки давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Адиб» намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардида, инчунин дар ин рӯз чор номгӯй китобе, ки доир ба корнамоиву ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи чоп омадаанд, ба намоиш-фурӯш гузошта мешаванд, иттилоъ доданд аз Муассисаи нашриявии «Адиб» ба АМИТ «Ховар».
Дар намоиш-фурӯш зиёда аз сад номгӯй китобҳои тозанашри муассисаи мазкур ба намоиш-фурӯш гузошта мешаванд. Силсилаи «Ахтарони адаб», китобҳои «Назаркарда»-и Абдуғаффори Абдуҷаббор, «Тавлиди нур»-и Идигул Қосимзода, «Бахтофарин», «Ҷасорати бузурги Пешвои миллат» ва маҷмӯаи шеърҳо, очерку мақолаҳо аз ин ҷумлаанд.
Ҳамчунин иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имкон доранд аз ин намоиш-фурӯш китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форсро пайдо намоянд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






