Пагоҳ ба шарафи Рӯзи Президент намоиш-фурӯши китобҳо доир мешавад

Ноябрь 15, 2021 15:49

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, соати 15:00, дар саҳни бинои Сирки давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Адиб» намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардида, инчунин дар ин рӯз чор номгӯй китобе, ки доир ба корнамоиву ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи чоп омадаанд, ба намоиш-фурӯш гузошта мешаванд, иттилоъ доданд аз Муассисаи нашриявии «Адиб» ба АМИТ «Ховар».

Дар намоиш-фурӯш зиёда аз сад номгӯй китобҳои тозанашри муассисаи мазкур ба намоиш-фурӯш гузошта мешаванд. Силсилаи «Ахтарони адаб», китобҳои  «Назаркарда»-и Абдуғаффори Абдуҷаббор, «Тавлиди нур»-и Идигул Қосимзода, «Бахтофарин», «Ҷасорати бузурги Пешвои миллат» ва маҷмӯаи шеърҳо, очерку мақолаҳо аз ин ҷумлаанд.

Ҳамчунин иштирокдорони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имкон доранд аз ин намоиш-фурӯш китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форсро пайдо намоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2021 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
«ФАРЗАНД — ИДОМАДИҲАНДАИ ОИЛА». Дар ноҳияи Данғара таҳти ин унвон иқдоми маърифатӣ гузаронида шуд
Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар