«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ». Таҳти чунин унвон дар Исфара бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябр дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиш доир шуд, ки дар он муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Исфара Мадина Абдуякинзода ва ҷавонону варзишгарони шаҳри Исфара иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода аз рӯзҳои мудҳишу рӯзгори нобасомони миллати тоҷик ёдовар шуда, саҳми беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳкушову роҳнамо ва башоратдиҳандаи роҳи наҷот дар барқарорсозии муттаҳидиву ягонагӣ, сулҳ ва ваҳдати комил назаррас арзёбӣ намуд.
Мавсуф бо зикри дастовардҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат дар зарфи соҳибистиқлолӣ ҷавонону варзишгарони шаҳри Исфараро даъват кард, ки пайваста дар талош ва омӯзиши дониш бошанд, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияи инноватсионӣ машғул шаванд, ба қадри сулҳи пойдор, муттаҳидиву сарҷамъӣ бирасанд ва дар ҳифзи муқаддасоти давлатӣ, арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба кормандон, ҷавонон ва варзишгарони фаъол Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






