«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ». Таҳти чунин унвон дар Исфара бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 16, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябр дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиш доир шуд, ки дар он  муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Исфара Мадина  Абдуякинзода  ва ҷавонону варзишгарони шаҳри Исфара иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар».

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода аз рӯзҳои мудҳишу рӯзгори нобасомони миллати тоҷик ёдовар шуда, саҳми беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳкушову роҳнамо ва башоратдиҳандаи роҳи наҷот дар барқарорсозии муттаҳидиву ягонагӣ, сулҳ ва ваҳдати комил назаррас арзёбӣ намуд.

Мавсуф бо зикри дастовардҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат дар зарфи соҳибистиқлолӣ ҷавонону варзишгарони шаҳри Исфараро даъват кард, ки пайваста дар талош ва омӯзиши дониш бошанд, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва техникаву технологияи инноватсионӣ машғул шаванд, ба қадри сулҳи пойдор, муттаҳидиву сарҷамъӣ бирасанд ва дар ҳифзи муқаддасоти давлатӣ, арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш  ба кормандон, ҷавонон ва варзишгарони фаъол Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида шуд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Ноябрь 16, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?