ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ! Дар вазорату идораҳои Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бошукӯҳ таҷлил гардид

Ноябрь 24, 2021 16:33

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ба муносибати ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон  ба мардуми Тоҷикистон зикр намуданд, ки Парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷаласаҳои тантанавӣ баргузор намуданд.

«Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосир, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштагони мо, ҳамзамон ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми мамлакат мебошад»,- иброз намуд Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода имрӯз дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ сокинони мамлакати моро дар майдони ободониву созандагии  Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳувияти миллати куҳанбунёди мо буда, волотарин мақсаду мароми мардумро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зикр кард, ки Парчами давлатӣ  яке аз рамзҳои муҳими истиқлолият ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари заминаҳои таърихӣ ва анъанаҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа маҳсуб мешавад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷаласаи идона баргузор шуд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи мамлакати соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Тоҷикистон мужда медиҳад. Бо парафшон гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ эҳсоси ватандорӣ дар қалби ҳар соҳибватан бедор мешавад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон масъул ва вазифадор аст, ки Парчами давлатии мамлакатро эҳтиром намояд ва  ба ин муқаддасот арҷ гузорад. Зеро, арҷгузорӣ  ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.

 «Парчам аз рӯзи қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд»,-гуфт имрӯз Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён зимни ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи Парчам. Парчами давлатии мо барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва боз ҳам сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишанд бозида, омили муҳими таъмини ин арзишҳо дар оянда низ мебошад.

          «Парчами давлатӣ мояи ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандустӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст»,- чунин иброз намуд Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни ҷаласаи тантанавӣ, ки имрӯз дар Кумита доир гардид.

Таъкид шуд, ки тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд, «мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд. Давлат ба шоҳроҳи дигаргуниҳои азими сиёсиву иҷтимоӣ ва бунёдкориву созандагӣ қадамҳои нахустини устувор гузошт».

Зикр шуд, ки дар ҷаҳони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

«Парчами миллӣ — ливое, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд»- таҳти ин унвон имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд. Зимни ҳамоиш, аз ҷумла зикр шуд, ки бузургони мо ҳамеша дӯстиро тарғиб кардаанд ва Тоҷикистони биҳиштосои мо, зери сарварии Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ сиёсати дӯстию бародарӣ ва дарҳои кушодро пеш гирифт ва Парчами миллӣ — ливоест, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд ва ҳар ки бо нияти пок, дӯстонаву хайрхоҳона ба диёри мо меояд, дари дилу дари хонаҳои мо ба рӯи ӯ боз аст.

— Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ин нукта имрӯз зимни маҷлиси тантанавӣ, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, баён гардид.

“Моро зарур аст, ки дар ҳамаи маврид шароит муҳайё намоем, ки Парчами миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад. Зеро, тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҳамеша дар ҳама ҷо дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд”. Ин матлабро имрӯз зимни ҷамъомади идона Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Барно Саидвализода баён дошт.

Барно Саидвализода иброз намуд, ки аз сабақҳо ва дастовардҳои нодири сулҳу ваҳдатамон, арҷ гузоштан ба парчаму парчамдории миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро бохабар созем ва онро ба унсури устувори фарҳанги ҷомеаамон табдил диҳем. Агар мо имрӯз тавонем, ки ин рисолати миллиамонро иҷро намоем, фардо он бузургтарин сабақе хоҳад буд, ҷиҳати пос доштани муқаддасоти миллӣ ва рушду такомули сулҳу ваҳдат.

Имрӯз дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд. Раиси Палатаи ҳисоб Қаррахон Чиллазода зикр кард, ки имсол Рӯзи Парчами давлатӣ дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон таърихӣ 30 — солагии истиқлолу озодии Тоҷикистон рост омад ва ин шаҳомати ҳарду ҷашнро боз ҳам баландтар кард. Агар забон қалби миллат бошад, парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чунки ҳар ҷо парчам афрохта мешавад, мардуми мамлакат бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад.

Зикр шуд, ки эҳтироми арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ҳамчун ифодагари ифтихори миллӣ, пойдории давлат ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ ба ҳисоб меравад.

«Қабул гардидани Парчами давлатӣ дар давраи бисёр ҳассосу мураккаби таърихӣ барои миллати тоҷик ҷиҳати бунёди пояҳои давлати соҳибистиқлол аҳамияти калидӣ дошта, аз нахустин кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъии миллат ва рафъи хатари паррокандагии он ба ҳисоб меравад»,- зикр намуд  директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар ҷамъомади тантанавӣ, ки имрӯз дар Агентӣ баргузор шуд. Сулаймон Султонзода иброз дошт, ки моро дарки моҳияти мақому манзалати суннати парчамдорӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ, гиромидошти шоиставу арзанда ба ин муқаддасот, ки дар партави он метавон роҳи дурахшони миллатро дид, водор месозад, ки ҷиҳати оромию ободӣ ва рушду инкишофи минбаъдаи Тоҷикистони азизамон бештар заҳмат кашем, барои побарҷогии амният дар хоки Ватан зираку ҳушёр бошем ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва мақсадҳои миллиамон барои насли ояндаи миллат содиқона хизмат кунем ва дар парафшонии ҷовидонаи Парчами давлатӣ саҳмгузор бошем.

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Ҷаласаро президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зимни баррасии мухтасар ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд. Ҳамчунин, бархе дипломҳои номзадӣ ба соҳибунвонҳои нав тақдим гардиданд.

Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.     Муовини аввали Сардори Хадамоти гумрук Азим  Турсунзода  зикр намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ эътироф гаштааст, албатта, дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомада, балки аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба омода кардани он истифода шудааст.

Парчами Тоҷикистон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, қабул гардид ва пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод кардаанд ва имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст. Парчами давлатӣ бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни мардуми мо аст.

«Парчам, байрақ, ливо, дирафш, пеш аз ҳама, рамзи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, дарку ҳифзи арзишҳои миллии ҳазорсолаҳо шакл гирифта ва бо боварии комил эълон намудани ҳуқуқи маънавии хеш баҳри соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини як сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад, зикр намуд муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолиддин Нурзода дар мизи мудаввар таҳти унвони «Парчами миллӣ-ифтихор ва иқтидори  миллат», ки имрӯз дар Китобхонаи миллӣ доир гардид. Зикр шуд, ки дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи Истиқлолияти давлатӣ инъикос меёбанд.

«Қабули Парчами давлатӣ ба давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, вақте истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт ва мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ ба мардуми парешон ва дар гирдоби ноумедиҳо афтодаи тоҷик аз оғози неку ҳамбастагӣ паём медод»-, иброз дошт имрӯз ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ зимни ҳамоиш, ки дар донишкада доир шуд. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ин эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расондаанд, мебошад.

«Маҳз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор шуд, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амсоли Нишон ва Парчами миллӣ тасдиқ ва қабул карда шуданд»,-иброз дошт директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода имрӯз зимни ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Парчам.

Зикр шуд, ки ҳар ҷо, ки Парчами Тоҷикистон парафшон аст, он ҷо садои тоҷик ва ифтихори тоҷикӣ баръало мушоҳида мешавад. Бигзор Парчами миллӣ ҳамчун рамзи дӯстию рафоқат дар байни халқҳо, меҳру муҳаббату садоқат ба ватан, сулҳу осоиши мамлакат ва ободию рӯзгори созандаи мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳамеша дар фазои озоди Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи муқаддасоти миллӣ парафшон бошад!

АКСҲО: вазорату идораҳои марбута

Ноябрь 24, 2021 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат ҳамоиш доир мегардад
Парчами давлатӣ имкон дод, ки ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ намоем,-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Суғд
Алишер Мирзонабот: Ниёгони тоҷикон ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд
Арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст
Вазорати тандурустӣ аз рӯзноманигорон даъват намуд, ки оид ба COVID-19 ва ваксинатсия маълумоти дуруст пешниҳод кунанд
Рамазон Раҳимзода: Парчам рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик аст
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ваколатдори шуъбачаи кофтукови ҷиноии ШВКД бо ҷурми қаллобӣ дастгир шуд
Ҷамолиддин Абдуллозода дар конференсия ва намоишгоҳ оид ба фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Туркия сухан гуфт
Истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ ба саломатии аҳолӣ хатар дорад,- бардошт аз ҳамоиш
Кумитаи дин: Гузориши Департаменти ИМА баёнгари вазъи воқеии таъмини ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон нест
Бахшида ба Рӯзи Парчам ба зиёда аз 100 нафар поккорони шаҳри Хуҷанд кумак расонида шуд
Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гирифт