«Пешвои миллат ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 11.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расониданд. Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус.
«Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №225 (24 333) чоршанбе, 10 ноябри соли 2021 Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик нашр намудааст.
Ҳамчунин дар ин шумора мавод таҳти унвони «Шоҳиди ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳастам», «Халқи тоҷик марди таърихсоз меҷуст, ин марди бузург Эмомалӣ Раҳмон аст!», «Дӯстии ду сарвар. Асосгузоштаро ба ҷон пос дорем!», «Роғун». Корнамоӣ дар марзи номус», «Ҳаётбахши истиқлол», «Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи нави бедилшиносӣ», «Пешвои миллат ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон», «Эмомалӣ Раҳмон- Пешво, роҳнамо, роҳкушо» ва хабарҳо аз дохил ва хориҷи мамлакат зери рубрикаҳои «Рӯйдодҳои илмӣ», «Варзиш», «Ҷаҳон», «Ҷаҳон дар як сатр» ва «Тоҷикистон» нашр шудаанд.
«Садои мардум»- нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи ҳафтаи сипаригардида таҳти №138 (4400) панҷшанбе, 11 ноябри соли равон аз ҷараёни иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар чорабинӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, таъйиноти кадрӣ, иштироки намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии масъалаи тағйирёбии иқлим, ки дар Британияи Кабир доир гардид, мавод ба нашр расонидааст.
Дар ҳамин шумора хонандагон имкон доранд мақолаҳоро таҳти унвони «Таҳкимбахшандаи пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ», «Ҳукумати мамлакат корнамоии кормандони милитсияро ҳамеша пос медорад», «Пешвои миллат ва ташаккулёбии молияи давлатӣ», «Конститутсия ифодагари манфиатҳои занон низ ҳаст», «Ҷомеа бо низому тартиб пойдор аст» ва дигар хабарҳои ҷолиб аз фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутолиа намоянд.
«Народная газета»- нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №44 (20325), чоршанбе, 10 ноябри соли 2021 Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва дигар хабарҳои дохил ва хориҷи мамлакатро нашр намудааст.
Дар ин шумора таҳти унвони «Лидер нации- самый ответственный и авторитетный гражданин и руководитель нашего государства», «Спаситель нации и государства», «Роль личности в истории: феномен Лидера нации», «Таджикистан-край гостеприимный», «Инициативы Лидера нации- путь к развитию села, туризма и народных ремесел», «Тоджиддин Джуразода: Мы должны представить Таджикистан в новой концепции» ва дигар хабару гузоришҳо ба чоп расидаанд.
«Минбари халқ»— нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи инҳафтаинаи №45 (1338), панҷшанбе, 10 ноябр Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи милитсияро ба нашр расонидааст.
Инчунин дар ин шумора таҳти унвони «Таносуби психологияи ҷамъиятӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик», «Донишгоҳи Федералии Урал донишҷӯёни тоҷикро интизор аст», «Санг ҳам роз мекушояд», «Андоза нигаҳ дор…», «Толибони худӣ киҳо ҳастанд?», «Истиқлоли фикрӣ-масъулияти фардию ҷамъӣ» ва дигар хабару гузоришҳо ба нашр расидаанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






