«Пешвои миллат ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2021 11:56

ДУШАНБЕ, 11.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расониданд. Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин хусус.

«Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи №225 (24 333) чоршанбе,  10 ноябри соли 2021 Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик нашр намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора мавод таҳти унвони «Шоҳиди ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳастам», «Халқи тоҷик марди таърихсоз меҷуст, ин марди бузург Эмомалӣ Раҳмон аст!», «Дӯстии ду сарвар. Асосгузоштаро ба ҷон пос дорем!», «Роғун». Корнамоӣ дар марзи номус», «Ҳаётбахши истиқлол», «Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи нави бедилшиносӣ», «Пешвои миллат ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон», «Эмомалӣ Раҳмон- Пешво, роҳнамо, роҳкушо» ва хабарҳо аз дохил ва хориҷи мамлакат зери рубрикаҳои «Рӯйдодҳои илмӣ», «Варзиш», «Ҷаҳон», «Ҷаҳон дар як сатр» ва  «Тоҷикистон» нашр шудаанд.

«Садои мардум»- нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи ҳафтаи сипаригардида таҳти №138 (4400) панҷшанбе,  11 ноябри соли равон аз ҷараёни иштирок ва суханронии Сарвари давлат дар чорабинӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, таъйиноти кадрӣ, иштироки намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баррасии масъалаи тағйирёбии иқлим, ки дар Британияи Кабир доир гардид, мавод ба нашр расонидааст.

Дар ҳамин шумора хонандагон имкон доранд мақолаҳоро  таҳти унвони «Таҳкимбахшандаи пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ», «Ҳукумати мамлакат корнамоии кормандони милитсияро ҳамеша пос медорад», «Пешвои миллат ва ташаккулёбии молияи давлатӣ», «Конститутсия ифодагари манфиатҳои занон низ ҳаст», «Ҷомеа бо низому тартиб пойдор аст» ва дигар хабарҳои ҷолиб аз фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутолиа намоянд.

«Народная газета»- нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №44 (20325), чоршанбе, 10 ноябри соли 2021 Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва дигар хабарҳои дохил ва хориҷи мамлакатро нашр намудааст.

Дар ин шумора таҳти унвони «Лидер нации- самый ответственный и авторитетный гражданин и руководитель нашего государства», «Спаситель нации и государства», «Роль личности в истории: феномен Лидера нации», «Таджикистан-край гостеприимный», «Инициативы Лидера нации- путь к развитию села, туризма и народных ремесел», «Тоджиддин Джуразода: Мы должны представить Таджикистан в новой концепции» ва дигар хабару гузоришҳо ба чоп расидаанд.

«Минбари халқ»— нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи инҳафтаинаи №45 (1338), панҷшанбе,  10 ноябр Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи милитсияро ба  нашр расонидааст.

Инчунин дар ин шумора таҳти унвони «Таносуби психологияи ҷамъиятӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик», «Донишгоҳи Федералии Урал донишҷӯёни тоҷикро интизор аст», «Санг ҳам роз мекушояд», «Андоза нигаҳ дор…», «Толибони худӣ киҳо ҳастанд?», «Истиқлоли фикрӣ-масъулияти фардию ҷамъӣ» ва дигар хабару гузоришҳо    ба нашр расидаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар» 

Ноябрь 11, 2021 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст