Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуданд

Ноябрь 28, 2021 17:25

ДУШАНБЕ, 28.12021. / АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо Туркияро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва хушбахтона имрӯз муносибатҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо раванди устувор касб намудааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ масъалаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту боркашонӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ карданд.

Давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард (2,14) доллари амрикоиро ташкил дод. Таъкид гардид, ки барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод имкониятҳои мавҷуда, аз қабили татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон Туркия, ба таври самаранок истифода карда шавад.
Аз мусоидати Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) — дар рушди бахшҳои калидии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Зимни баррасии масоили муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг ҷонибҳо ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули донишҷӯёну муаллимон ва баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар қаламрави ҳамдигар омили муҳимми таҳкими муносибатҳои дӯстии мардумони ду кишвар арзёбӣ намуданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ яке аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи “Ковид-19” дар сатҳи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган 28.11.2021

Ноябрь 28, 2021 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд