Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро ба ҳузур пазируфтанд

Ноябрь 29, 2021 17:24

ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонем ва ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит дар доираи Форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.

Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, бахусус гидроэнергетика, арсаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати коркарди кӯҳӣ, бахши кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.

Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) ва мусоидати ин кишвар дар мубориза бо бемории коронавирус, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Вобаста ба вазъи давлати ҳамсояи Афғонистон расонидани кумаки башарӣ ба мардуми ин кишвар аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ тавассути сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии гуманитарӣ зарур шумурда шуд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ён 29.11.2021

Ноябрь 29, 2021 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон