Раиси вилояти Суғд бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои нав мубодилаи афкор намуд

Ноябрь 3, 2021 08:34

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони Бонки ҷаҳониро, ки бо роҳбарии Теклу Тесфайе ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои нави ин ниҳоди байналмилалии молиявӣ мубодилаи афкор намуда, ба нақши Бонки ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодиёт баҳои баланд доданд, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Раҷаббой Аҳмадзода аз тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуда,  иброз дошт, ки дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ҳанӯз имконоти истифоданашуда хеле зиёданд ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун, аз қабили лоиҳаи «Тиҷоратикунонии хоҷагии қишлоқ», ки тӯли чанд соли охир бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст, барои кишоварзон манфиатовар мебошад.

Раиси  вилояти Суғд таваҷҷуҳи намояндагони Бонки ҷаҳониро барои сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки бо ташкили обанборҳои нав дар ноҳияҳои Деваштич ва  Шаҳристон метавон ҳазорҳо гектар заминро аз худ намуда, бунёди боғҳои нав ва кишти зироати гуногунро ба роҳ монд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ лоиҳаи нав амалӣ гардида, дар доираи он хоҷагиҳои тухмипарварӣ дастгирӣ карда мешаванд. Тибқи пешбиниҳо, тавассути ин лоиҳа навъҳои нави тухмии картошкаву гандум ва ниҳолу дарахтони мевадиҳандаи суперинтенсивӣ ворид карда шуда, бо ин васила таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ниҳол ва тухмиҳои аълосифат ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳамзамон барои масъулини хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ ташкили дарсҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шуда, кишоварзон технологияи парваришу обёрӣ ва дигар таҷрибаҳои замони муосирро аз худ мекунанд.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро баррасӣ ва барои татбиқи муваффақонаи лоиҳаи нав омодагии хешро иброз доштанд.

АКС аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 3, 2021 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»