Раёсати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар Душанбе ҷаласаи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Иштироккунандагони ҷаласа ба мувофиқа расиданд, ки Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея сол то сол иқтидори худро зиёд карда, ба ҳадафҳои худ расида истодааст. Ҷонибҳо аз табодули афкор, ки дар рӯҳияи дӯстии анъанавӣ, кушода ва ояндабин сурат гирифт, изҳори қаноатмандӣ карданд», -иброз намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Дар чаҳорчӯби Форуми 14-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея чор нишасти коршиносони мақомоти соҳавии кишварҳои Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея дар бахшҳои ҷангал, бетарафии карбонӣ, тандурустӣ ва технологияи рақамӣ барпо гардиданд.
Қабули Нақшаи кории Котиботи Форум барои соли 2022 ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳо дар шаш самти дурнамои ҳамкорӣ дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат қадами муҳим ба пеш мебошад. Онҳо, аз ҷумла соҳаҳои нақлиёт ва логистика, энергетика, таҷдид ва диверсификатсияи саноат, тағйирёбии иқлим ва муҳити зист, тандурустӣ ва тиб, маориф, фарҳанг ва сайёҳиро фаро мегиранд.
Ли Чон Гук тибқи мувофиқаи ҷонибҳо ба ҳайси мудири котибот тасдиқ шуд.
Иштирокдорони Форум самарабахш баргузор шудани нишасти коршиносони мақомоти соҳавии кишварҳои узви Форум ва ҷаласаи омодасозии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро, ки қисмати мундариҷавии Форуми 14-умро мавриди баррасӣ қарор доданд, зикр карданд.
Ҷонибҳо дар робита ба кори Шӯрои тиҷоратии Котиботи Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея, ки дар чорчӯби он 29 ноябри 2021 дар Душанбе бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон нахустин Бизнес–форум дар формати 5+1 баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар поёни ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Форум Изҳороти муштарак қабул шуд, ки дар он натиҷаи машваратҳои пурсамар дар доираи мулоқоти имрӯза зикр гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон раисии худро дар Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея ба охир расонд. Тибқи қарори ягонаи вазирони корҳои хориҷии ҷаласаи 14-ум Ҷумҳурии Корея раисиро барои баргузор намудани Форуми 15-уми ҳамкорӣ ба зимма гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ташаббуси таъсиси абзори Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро соли 2007 ҷониби Корея бо мақсади афзоиши талошҳо ҷиҳати густариш ва тақвияти робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея, инчунин рушди ҳамкории минтақавӣ пешниҳод карда буд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»
























Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд






