Роҳбарони бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд дастрасии молиявӣ ва маблағгузории сабзро баррасӣ карданд

Ноябрь 2, 2021 10:30

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо ташаббуси Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» ҳамоиши минтақавӣ доир гардид, ки дар он дар радифи  роҳбарону намояндагони бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  Сироҷиддин Икромӣ иштирок намуд.

Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  ҳамоиши минтақавӣ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» доир гардида, ҳадафаш таҳкими ҳамкории байнибонкӣ  дар самти татбиқи лоиҳаҳои  марбут ба рушди иқтисодиёт дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар ҳамоиш намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» ва бонкҳои шарики Фонди мазкур дар мавзӯъҳои «Дастрасии молиявӣ», «Дастгирии соҳибкории хурду миёна: Таъсири омӯзиши соҳибкорон» ва   «Маблағгузории сабз» маърӯза намуда, пешниҳодҳои судманд баён доштанд.

Иштирокдорони ҳамоиш инчунин бо дастовардҳои дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» татбиқгардида шинос шуданд.

 АКСҲО: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»

Ноябрь 2, 2021 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд