Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Ноябрь 30, 2021 14:34

ДУШАНБЕ, 30.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили таъминоти фаъолияти таълимии кормандони педагогии рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Тоҷикистон, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, доир гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Тибқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили таъминоти фаъолияти таълимии кормандони педагогии рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори тарафи Тоҷикистон ҳамасола пешниҳодҳои худро вобаста ба талаботи касбӣ, ки ба кормандони педагогии рус алоқамандӣ доранд, ба мақомоти ваколатдори тарафи Русия пешниҳод намуда, Русия ҷиҳати таъмини талаботи пешниҳодшуда мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, гуфта шудааст, ки фаъолияти таълимӣ дар мактабҳо дар асоси қонунгузории Федератсияи Русия аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, таълим дар мактабҳо бо забони русӣ бо омӯзиши ҳатмии забони тоҷикӣ ба амал бароварда мешавад.

Зимни имзои созишномаҳо таъкид гардид, ки соли панҷум аст Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия лоиҳаи «Омӯзгорони рус дар хориҷа»-ро амалӣ менамояд.

Зикр шуд, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 49 нафар омӯзгор фаъолият намуда, аз фанҳои забон ва адабиёти рус, математика, физика, биология ва дигар фанҳо ба забони русӣ ба хонандагон таълим медиҳанд.

АКС аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ноябрь 30, 2021 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд