Рустам Назарзода ва Жозеп Боррелл самтҳои асосии фаъолияти идораи наҷот ва ҳамкориро баррасӣ намуданд

Ноябрь 24, 2021 08:33

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ, ки  онро Жозеп Боррелл сарварӣ  менамояд, доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумита.

Дар ҷараёни боздид ба аъзои ҳайат техникаи махсус ва таҷҳизоти  наҷотдиҳандагон, ки дар кори ҳаррӯза ҳангоми анҷоми амалиёти наҷот истифода мешаванд, пешкаш гардид.

Рустам Назарзода ба ҳайат дар бораи самтҳои асосии фаъолияти идораи наҷот ва ҳамкории Кумита бо Иттиҳодияи Аврупо  дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ маълумот дод. Ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи ҷанбаҳои умумӣ ва чораҳои роҳандозии ҳамкории амалӣ табодули афкор намуданд.

Зикр гардид, ки дар ин самти ҳамкорӣ минбаъд низ барои таҳкими иқтидор ва имконоти ҷонибҳо тадбирҳои муштарак андешида мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки ҳадафи сафари ҳайати Иттиҳоди Аврупо марҳилаи муҳим дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

АКСҲО: КҲФ ва МГ

Ноябрь 24, 2021 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад