Рустам Назарзода ва Жозеп Боррелл самтҳои асосии фаъолияти идораи наҷот ва ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода бо ҳайати Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ, ки онро Жозеп Боррелл сарварӣ менамояд, доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумита.
Дар ҷараёни боздид ба аъзои ҳайат техникаи махсус ва таҷҳизоти наҷотдиҳандагон, ки дар кори ҳаррӯза ҳангоми анҷоми амалиёти наҷот истифода мешаванд, пешкаш гардид.
Рустам Назарзода ба ҳайат дар бораи самтҳои асосии фаъолияти идораи наҷот ва ҳамкории Кумита бо Иттиҳодияи Аврупо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии пайомадҳои офатҳои табиӣ маълумот дод. Ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи ҷанбаҳои умумӣ ва чораҳои роҳандозии ҳамкории амалӣ табодули афкор намуданд.
Зикр гардид, ки дар ин самти ҳамкорӣ минбаъд низ барои таҳкими иқтидор ва имконоти ҷонибҳо тадбирҳои муштарак андешида мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки ҳадафи сафари ҳайати Иттиҳоди Аврупо марҳилаи муҳим дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мебошад.
АКСҲО: КҲФ ва МГ










Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






