СҶТ: Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиши фавти модар ва кӯдак ба пешрафти назаррас ноил шудааст
ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Илкер Дастан пешрафти назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти коҳиши фавти модар ва кӯдак зикр намуд. Ин нукта дар ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии «Тандурустӣ» дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
29 октябр Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории байниидоравии «Тандурустӣ» баргузор намуданд.
Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ бо нақши Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун платформаи таҳияи сиёсати умумии рушди устувор, вазифа ва функсияҳои гурӯҳи корӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва созмонҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, шинос шуданд.
Иштирокчиёни нахустҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаҳои тандурустӣ, инчунин дастоварду мушкилоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва дигар барномаҳои соҳавиро дар ҳошияи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) муҳокима намуданд.
Дар вохӯрӣ намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Илкер Дастан, ки дар ин нишаст ширкат дошт, пешрафти назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти коҳиши фавти модар ва кӯдак зикр кард. Монеаҳои асосии ноил шудан ба системаи пурзӯри ҳифзи саломатӣ, аз қабили сифати хизматрасонӣ, фарогирии нокифояи табақаҳои осебпазири ҷомеа ва системаи заифи кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ҷаласа модули омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори аъзои гурӯҳи корӣ гузаронида шуд, ки то 30 октябр идома ёфт. Ҳадафи асосии модули омӯзишӣ ба иштирокчиён таълим додани асосҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ, сафарбарнамоии захираҳо, инчунин низоми мониторинг ва арзёбӣ мебошад.
Бо мақсади такмил додани низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ ва ҲРУ, котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд иборатанд. Дар маҷмӯъ 14 гурӯҳи кории байниидоравии Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавии рушди фарогири афзалияти Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва ҲРУ ташкил карда шудаанд.
АКС аз сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ба 520 намуна шаҳодатномаи сифати тухмӣ дод
Байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамоишҳо доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Беларус дар шаш моҳи аввали соли 2026 6,3 фоиз афзоиш ёфт
Дар шаш моҳ беш аз 30 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ ба дидани ноҳияи Варзоб омадаанд
Соли 2026 дар вилояти Хатлон 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд
«МЕЪМОР-2026». Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар вилояти Суғд доир мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Носири Хусрав моҳи август ҷамъоварии пахта оғоз мегардад
«ЭКО-2026». Дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент Ниммарафони панҷуми кӯҳӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир мегардад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон ҳаҷми муайяни маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст






