Сафорати ИМА барои даъвати омӯзгорони забони англисӣ аз Амрико ба Тоҷикистон омода аст
ДУШАНБЕ, 30.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Сафорати ИМА омодаи он аст, ки ҳамкориро дар самти таъсиси марказҳои нави омӯзиши забони англисӣ, даъвати омӯзгорон аз ИМА ҷиҳати дарс гуфтан дар марказҳои забономӯзӣ, мусоидат дар нашри китобҳои дарсӣ, ҷоннок намудани фаъолияти барномаҳои таълимии FLEX ва ACCELS вусъат бахшад. Ин нукта зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Душанбе Ҷон Марк Поммершайм баён гардид, иттилоъ дод сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт.
Зикр гардид, ки айни замон ҳашт маркази амрикоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Хоруғ, Бохтар, Ғарм ва Панҷакент фаъолият намуда, ба хоҳишмандон ҳамарӯза маҳфилҳои гуногуни забономӯзӣ, истифодаи технология, иштирок дар мизҳои мудаввар бо мутахассисони соҳавӣ, истифодаи интернети баландсуръат бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва амсоли инҳоро ба таври ройгон пешкаш менамоянд.
Вазири маориф ва илм зикр кард, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаи маориф ва илм дар доираи лоиҳа ва барномаҳое, ки аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА дар соҳаи маориф ва илм маблағгузорӣ мешаванд, ба роҳ монда шудааст.
Яке аз ташкилоти бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм фаъолият менамояд, USAID (ЮСАИД) – Ташкилот оид ба рушди байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад, ки то имрӯз якчанд лоиҳаҳоро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, лоиҳаи «Хониши босифат» барномаи панҷсола буда, ҳадафи он беҳтар намудани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои аз як то чор дар мактабҳои миёна мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илм бо ЮСАИД дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, моҳи июли соли 2017 ҷиҳати ба фаъолият оғоз намудани лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» миёни вазорат ва ЮСАИД Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Мақсади асосии лоиҳа- тақвияти натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии мақсаднок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Фаъолияти лоиҳа дар самти зиёд намудани дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорон оид ба таълими хониш ва арзёбии рушди малакаҳои хониш, пешниҳоди навовариҳо ва рушди ҳамкорӣ барои дастгирии дастовардҳои таълимии хониш, инчунин рушди дастгирии ҳукумат дар самти тақвияти хониш равона гардидааст.
Ҳамзамон дар самти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шурӯъ аз соли 2007 то имрӯз факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки вобаста ба рушди ҳамкорӣ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маориф ва илм тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
АКСҲО: Вазорати маориф ва илми ҶТ









Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
29 август дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоишгоҳи муштараки маҷозии Тоҷикистон ва Эрон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳаввули мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид






