Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви ИДМ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви ИДМ тариқи видеоконференсия баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар кори ҷаласаи Шӯро муҳимтарин масъалаҳои фарогири самтҳои гуногуни ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод, аз ҷумла, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, саноату кишоварзӣ, энергетика, гумрук, экология, тандурустӣ ва роҳу нақлиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни баргузории ҷаласа таъкид гардид, ки дар замони паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ба роҳ мондани фаъолияти неки кишварҳои узви ИДМ то андозае пеши роҳи пастравии иқтисодиёт дар минтақаро гирифта, барои муолиҷа ва пешгирии густариши бемории мазкур бо истифода аз таҷрибаи мутахассисони кишварҳои дӯст тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни баргузории ҷаласа таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ ҳамкории нек ва дӯстона ба роҳ мондааст, ки фарогири муҳимтарин принсипҳои дӯстӣ ва эътимоду эҳтироми ҷонибҳо мебошад.
Кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узви ИДМ бо қабули қарорҳо, ки ба рушди ҳамгироии кишварҳои узви ИДМ замина мегузорад, ба анҷом расид.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






