Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров қазияи дар вилояти Иркутск бо шаҳрвандони Тоҷикистон рух додаро баррасӣ карданд

Ноябрь 25, 2021 19:00

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Мусоҳибон қазияеро, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух додааст, ки дар натиҷаи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта шудаанд, муфассал баррасӣ карданд», — зикр намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Сироҷиддин Муҳриддин таваҷҷуҳи Сергей Лавровро ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва ҷазои гунаҳкорони ҷиноят ҷалб кард. Вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия қарор диҳанд.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро баррасӣ намуданд ва доир ба баъзе масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо тамаркуз ба иҷрои карорҳои ҷаласаи Душанбегии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД табодули афкор намуданд.

АКС: ВКХ ҶТ

 

Ноябрь 25, 2021 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид