Соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Красноярск созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Ноябрь 30, 2021 09:55

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 24 ноябр гурӯҳи соҳибкорон аз вилояти Красноярски Федератсияи Русия ба вилояти Суғд омада, давоми чаҳор рӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардиданд.  Дар доираи сафар соҳибкорони вилояти Красноярск бо соҳибкорони вилояти Суғд мулоқот намуда, барои таҳкими робитаҳо ва афзун намудани додугирифти молу маҳсулот якчанд созишномаҳои ҳамкориро имзо карданд, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои масъулини Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, пас аз мулоқоту гуфтушунидҳо миёни ширкатҳои  «Энки» ва «Зардолу ва компания», «Отелторг» ва «Қолинҳои Гулистон», «Отелторг» ва «Ҷавонӣ», «Отелторг» ва «Нассоҷи Хуҷанд», «Отелторг» ва «САТН», «Крас Хемп» ва «Баракат Исфара», «Крас Хемп» ва «Комбинати консервабарории Исфара», «Крас Хемп» ва «Субҳи Ватан», «Крас Хемп» ва «Фортуна ва Ко», Ширкати молиявии «Аксиома» ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки минбаъд ҷонибҳо дар асоси онҳо ба ҳамкорӣ тақвият мебахшанд.

АКС: МИҲД-и вилояти Суғд

Ноябрь 30, 2021 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд