Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қабули Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 яке аз ташаббусҳои муҳиму саривақтии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Ин нуктаро 18 ноябр муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зимни баргузории ҷаласаи корӣ доир ба ҷараёни иҷрои Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз дошт.
Мавсуф зикр намуд, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани шароити кор ва зиндагии ин қишри ҷомеа пайваста тадрибҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд. Маҳз тавассути сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву лоиҳаҳои зиёд ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд. Бо мақсади тақвият бахшидан ба сифат ва миқдори хизматрасониҳо, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ рӯз то рӯз беҳтар намуда истодааст.
Дар ҷаласаи корӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони якчанд вазорату идора, кумита, ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок дошта, доир ба рафти татбиқи стратегияи мазкур сухан гуфтанд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки татбиқи босамари Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат, хосатан муҳайё намудани шароити арзандаи кору зиндагии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






