Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гирифт

Ноябрь 19, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қабули Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 яке аз ташаббусҳои муҳиму саривақтии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Ин нуктаро 18 ноябр муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед зимни баргузории ҷаласаи корӣ  доир ба ҷараёни иҷрои Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон иброз дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, баҳри беҳтар намудани шароити кор ва зиндагии ин қишри ҷомеа пайваста тадрибҳои муҳиму саривақтӣ  амалӣ карда мешаванд. Маҳз тавассути сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаву лоиҳаҳои зиёд ҷиҳати дастгирии моддиву маънавии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд. Бо мақсади тақвият бахшидан ба сифат ва миқдори хизматрасониҳо, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалӣ рӯз то рӯз беҳтар намуда истодааст.

Дар ҷаласаи корӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, инчунин намояндагони якчанд вазорату идора, кумита, ташкилоти ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок дошта, доир ба рафти татбиқи стратегияи мазкур сухан гуфтанд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки татбиқи босамари Стратегияи рушди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат, хосатан муҳайё намудани шароити арзандаи кору зиндагии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 19, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон шинос шуданд
АЗ РӮЗГОРИ ОДАМОНИ НАҶИБ. Ёде аз хизматҳои намоёни арбоби давлатӣ ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳомиддин Шарифов
Сафари Корвони «Навои модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оғоз шуд
Имсол дар Тоҷикистон чанд дармонгоҳи нав сохта шуд?
Имсол дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 720 нафар кӯдакону наврасон таътили худро босамар мегузаронанд
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Имсол 1000 нафар кӯдаку наврас ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчуруд» ҷалб мегарданд
Дар Тоҷикистон даври сеюми Форуми коршиносони Осиёи Марказӣ — Корея доир мешавад
Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд