Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар бахши ҳифзи муҳити зист дар Глазго баррасӣ шуд

Ноябрь 10, 2021 11:03

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар бахши ҳифзи муҳити зист таҳким мебахшанд. Ин ва дигар масъалаҳо дар мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода  бо вазири муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Туркия Мурат Курум  8 ноябр дар доираи Конфронси 26-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир доир гардид, баррасӣ шуданд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон  дар радифи баррасии масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории судманд миёни мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Туркия инчунин доир ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуда, онро ташаббуси саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуданд.

Роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Туркия инчунин масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист, ҳусусан муҳофизати табиат ва коркарди партовҳои сахти маиширо муҳокима намуданд.

Вазири муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағйирёбии иқлими Туркия  Мурат Курум доир ба ташаббуси бонуи якуми Ҷумҳурии Туркия хонум Эмине Эрдуғон оид ба кам кардани партовҳои коркарднашаванда ибрози назар намуда, ҳамзамон зикр кард, ки барои таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар масъалаи ҳифзи муҳити зист имконияту иқтидорҳои истифоданашуда  вуҷуд доранд. Мурат Курум ба ҷониби Тоҷикистон барои даъват ҷиҳати боздид аз павилиони Осиёи Марказӣ, ки дар ҳошияи Конфронси 26-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Глазгои Британия созмон дода шудааст ва ташкили мулоқоти дуҷониба арзи сипос намуд.

 Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 10, 2021 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд