Таҳти унвони «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» конференсияи 69-уми солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, ки дар конференсияи мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Алиҷон Ғоибзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавски ва устодону донишҷӯёни доншгоҳ иштиирок намуданд.
Инчунин дар кори конференсия олимон ва ходимони сиёсии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Украина ва Беларус ба тариқи онлайн иштирок намуданд.
Дар оғози ҳамоиш Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ инчунин дар рушди илм нақши калидӣ мебозад. Мактабҳои илмии олимони донишгоҳ аз замони Шӯравӣ то имрӯз дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ мавқеи хосса касб намудаанд.
«Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ 18 августи соли 2020 иброз намуданд: «Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд кард ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст».
Фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз, бо назардошти ҳамин омил дар донишгоҳ баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти муассиса қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқиқочиёну пажуҳишгарон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд торафт меафзояд», — гуфт Маҳмадшоҳ Гулзода.
Ҳамчунин мавсуф афзуд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳиме, ки соли равон шоҳиди он гардидем, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат таъсис ёфтани Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мақсад аз он баррасии мушкилоти соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия аст.
-Таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат ба илму маориф олимону муҳаққиқонро водор менамояд, ки дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ, омода намудани муҳаққиқони ҷавон ҷидду ҷаҳд намоянд. Дар ин замина роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифт, ки бо ҷалби олимону коршиносони хориҷӣ бори аввал дар донишгоҳ аз 15 то 19 ноябр Рӯзҳои илм ва инноватсияро роҳандозӣ намояд.
Ташкили конференсияи «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ ва хориҷи дуру наздик мебошад. Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имконияти озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассиҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб мебошад,- афзуд ректори Донишгоҳи давлатии тиббӣ.
Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода баён намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тиб бо суръат рушд ёфта, барои мутахассисони соҳа бо дастовардҳои навинаш имконияти нав ба нав фароҳам меорад. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таърихи бой дошта, ҳамчун маркази асосии тарбияи мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи тандурустӣ дар мамлакат фаъолият менамояд.
Ба зикри муовини аввали Вазири тандурустӣ, донишгоҳ дар тӯли фаъолияти 80-солаи худ зиёда аз 45 ҳазор мутахассисони варзидаи соҳа омода кардааст, ки онҳо дар Тоҷикистон ва беш аз 40 давлати хориҷ сарбаландона фаъолият менамоянд. Донишгоҳи тиббӣ на танҳо дар мамлакат, балки берун аз он ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ва маркази боэътимоди омодасозии мутахассисони дорои маълумоти олии тиб шӯҳрати хосса касб намудааст. Натиҷа ҳамин аст, ки сол аз сол шумораи довталабони донишгоҳ аз мамлакатҳои хориҷӣ меафзояд. Ҳоло дар ин боргоҳи илм аз 16 кишвари олам беш аз 1500 нафар донишҷӯ таҳсил доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи конференсия таҷлили фаъолияти илмии босамари кафедраҳои «ҷарроҳии умумии №1 ба номи Қаҳҳоров Абдурауф Носирович», «Дерматовенерология», «Микробиология, иммунология ва вирусология» ва факултети фармасевтӣ ба нақша гирифта шудааст.
Холисаи АСОМИДДИН,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»













Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад






