Таҳти унвони «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид

Ноябрь 17, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзӯи  «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» конференсияи 69-уми солонаи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, ки дар конференсияи мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Алиҷон Ғоибзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавски ва устодону донишҷӯёни доншгоҳ иштиирок намуданд.

Инчунин дар кори конференсия олимон ва ходимони сиёсии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Украина ва Беларус ба тариқи онлайн иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар баробари омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ инчунин дар рушди илм нақши калидӣ мебозад. Мактабҳои илмии олимони донишгоҳ аз замони Шӯравӣ то имрӯз дар ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ мавқеи хосса касб намудаанд.

«Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ 18 августи соли 2020 иброз намуданд: «Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд кард ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст».

Фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои  асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз, бо назардошти ҳамин омил дар донишгоҳ баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти муассиса қарор дорад.  Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқиқочиёну пажуҳишгарон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд торафт меафзояд», — гуфт Маҳмадшоҳ Гулзода.

Ҳамчунин мавсуф афзуд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳиме, ки соли равон шоҳиди он гардидем, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат таъсис ёфтани Шӯрои илм,  маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки мақсад аз  он баррасии мушкилоти соҳаҳои илм, маориф ва инноватсия аст.

-Таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат ба илму маориф олимону муҳаққиқонро водор менамояд, ки дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ, омода намудани муҳаққиқони ҷавон ҷидду ҷаҳд намоянд. Дар ин замина роҳбарияти донишгоҳ тасмим гирифт, ки бо ҷалби олимону коршиносони хориҷӣ бори аввал дар донишгоҳ аз 15 то 19 ноябр Рӯзҳои илм ва инноватсияро роҳандозӣ намояд.

Ташкили конференсияи «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ ва хориҷи дуру наздик мебошад. Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имконияти озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассиҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб мебошад,- афзуд ректори Донишгоҳи давлатии тиббӣ.

Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода баён намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тиб  бо суръат рушд ёфта, барои мутахассисони соҳа бо дастовардҳои навинаш имконияти нав ба нав фароҳам меорад. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таърихи бой дошта, ҳамчун маркази асосии тарбияи мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи тандурустӣ дар мамлакат фаъолият менамояд.

Ба зикри муовини аввали Вазири тандурустӣ,  донишгоҳ дар тӯли фаъолияти 80-солаи худ зиёда аз 45 ҳазор мутахассисони варзидаи соҳа омода кардааст, ки онҳо дар Тоҷикистон ва беш аз  40 давлати хориҷ сарбаландона фаъолият менамоянд. Донишгоҳи тиббӣ на танҳо дар мамлакат, балки берун аз он ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ва маркази боэътимоди омодасозии мутахассисони дорои маълумоти олии тиб шӯҳрати хосса касб намудааст. Натиҷа ҳамин аст, ки сол аз сол шумораи довталабони донишгоҳ аз мамлакатҳои хориҷӣ меафзояд. Ҳоло дар ин боргоҳи илм аз 16 кишвари олам беш аз 1500 нафар донишҷӯ таҳсил доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи конференсия таҷлили фаъолияти илмии босамари кафедраҳои «ҷарроҳии умумии №1 ба номи Қаҳҳоров Абдурауф Носирович», «Дерматовенерология», «Микробиология, иммунология ва вирусология» ва факултети фармасевтӣ ба нақша гирифта шудааст.

Холисаи АСОМИДДИН,
Тоҳир САИД,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид