Тоҷикистон мавқеи ЮНЕСКО-ро дар ҳифзу нигоҳдории мероси таърихии Афғонистон дастгирӣ менамояд

Ноябрь 12, 2021 08:26

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сироҷиддин Муҳриддин дар оғози суханронии хеш ба Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани Конфронси генералии навбатии созмон арзи сипос кард.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамоиши мазкур барои омӯзиш, табодули таҷриба ва ҳамоҳангии талошу эҳтимоми муштараки ЮНЕСКО ва кишварҳои аъзои он ҷиҳати пешбурди ҳадафу вазифаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳои миллӣ – фарҳангу забон, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ, расму оини аҷдодӣ, рушди илму маориф ҳамчун платформаи муфид хизмат хоҳад намуд.

Намояндаи кишвар ба мавзӯи мақому манзалати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан дастовардҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии он дар тӯли Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, фаъолияти густурдаи мамлакат дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО тариқи татбиқи лоиҳаву барномаҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг, илм ва маориф, саҳми Тоҷикистон дар ҳифзу тарғиби  мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ, ҳамкории ҳадафнок ба хотири таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори тамоми давлатҳои дунё тавассути шарикии муассир дар доираи ваколати ЮНЕСКО тамаркуз кард.

Таъкид гардид, ки ЮНЕСКО ягона ташкилотест, ки дар даврони барои ҷомеаи ҷаҳонӣ душвору печида ба ваҳдату ҳамбастагӣ тариқи фарҳанг, илм ва маориф фаъолона даъват ва иқдомҳои амалӣ менамояд.

Сироҷиддин Муҳриддин шомил будани мавзеи табиии «Боғи миллии Тоҷикистон», шаҳраки қадимаи Саразм, мусиқии миллии «Шашмақом», Рӯзи байналмилалии Наврӯз, таоми миллии «Оши палав» ва либоси миллии «Чакан» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО зикр кард.

Ҳамзамон аз сатҳи баланди ҳамкории кишвар бо ЮНЕСКО дар пасманзари ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан дар иртибот ба баргузории чорабинии бошукӯҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (14 октябри соли 2021) бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле, ҳамчунин Намоишгоҳи беназири нигораҳои таърихӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и шаҳри Париж (аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022) изҳори хушию қаноатмандӣ карда шуд.

Дар фарҷоми суханронӣ ҷониби Тоҷикистон дар мавриди нақши фаъоли кишвар дар ҷодаи пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар доираи низоми Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Барномаи байниҳукуматии гидрологии ЮНЕСКО, инчунин ҷиҳати дастгирии ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълони соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, эъломи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва аҳамияти мубрами таъсиси Хазинаи байналмилалии пиряхҳо изҳори ақида намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ бо ишора ба вазъи кунунии нигаронкунанда дар Афғонистон пуштибонии Тоҷикистонро аз мавқеи ЮНЕСКО дар ҳифзу нигоҳдории мероси таърихӣ дар ин кишвар тазаккур дода, бори дигар муроҷиати Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, ба кишварҳои манфиатдор дар масъалаи ҳарчӣ зудтар расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон тариқи созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуд.

АКС: ВКХ ҶТ

Ноябрь 12, 2021 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо волии шаҳри Анқара мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуд
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Теҳрон маҳфили бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар мулоқот намуд
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмии Миср мулоқот намуд
Татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Сафири Тоҷикистон бо сардори Идораи Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Эрон мулоқот намуд