Тоҷикистон ва Туркия мувофиқаҳои ҷаласа оид ба ҳамкории иқтисодиро баррасӣ намуданд

Ноябрь 18, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар Анқара бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ҷаласаи корӣ ҷаҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва дарёфти роҳҳои саривақтӣ ва самараноки татбиқи нақшаи амали муштараки он баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа муовини Вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четин Алӣ Донмез ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Солеҳзода Умедҷон иштирок намуданд.

Дар кори ҷаласаи мазкур инчунин масъулини вазорату идораҳо ва намояндагиҳои дипломатии ду кишвар дар шакли маҷозию ҳузурӣ иштирок намудаанд.

Зимни мулоқот иштирокчиён роҳҳои татбиқи бандҳои дахлдори Нақшаи амали зикршуда вобаста ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин санадҳои дар доираи ҷаласаи Комиссия ва Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия имзошударо баррасӣ карданд.

Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мусоҳибаи созанда барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва омодагӣ ба ташкили ҷаласаи навбатии Комиссия дар шаҳри Анқара дар соли 2022 сурат гирифт.

АКС: ВКХ ҶТ

Ноябрь 18, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд