Толибон дар Афғонистон риштарошӣ ва ба сартарошхонаҳо рафтани мардонро манъ карданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати радикалии «Толибон»*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, барои мардони афғон тарошидани риш ва рафтан ба сартарошхонаҳоро манъ карда, ин тасмимро ба талаботи меъёрҳои исломӣ рабт дод. Тавре АМИТ «Ховар» навиштааст, дар ин бора рӯзномаи маҳаллии Ettelaat бо такя ба суханони раиси идораи иттилоот ва фарҳанги музофоти ҷанубии Ҳилманд Ҳофиз Рашид Ҳилмандӣ хабар додааст. — «Ришатонро натарошед!»
Ба гуфтаи ӯ, маҳдудияте, ки охири ҳафта дар минтақаи зикршуда ба иҷро даромад, ба тамоми Афғонистон дахл дорад. Дар худи Ҳилманд, мисли пештара дар вилояти ҷанубу шарқи Қандаҳор иҷрои мусиқӣ низ манъ карда шуд.
Тавре намояндаи мақомоти маҳаллӣ тавзеҳ дод, қарорҳои дахлдор дар ҷаласаи махсуси вазорати даъвати исломӣ, равия, амри маъруф ва наҳйи мункар, ки қаблан солҳои 1996-2001 мавҷуд буд ва ба наздикӣ ба ҷои Вазорати кор бо занон аз нав ташкил гардид, қабул шуданд.
Қаблан расонаҳои маҳаллӣ аз баста шудани шумораи зиёди толорҳои зебоӣ барои мардон ва сартарошхонаҳо дар саросари кишвар ба далели монеъ шудани ҷангҷӯёни толибон ба фаъолияти онҳо хабар дода буданд*.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 1996-2001 (дар нахустин зуҳури худ) аз рӯзҳои аввали ҳукмронӣ радикалҳо дар тарзи зиндагӣ ва хонаводагии афғонҳо танзими қатъӣ ҷорӣ намуда, телевизионро барҳам дода, мусиқии муосир, санъати тасвирӣ, аксу видеоро мамнӯъ эълон карданд. Илова бар ин, онҳо аз сокинони Афғонистон тақозо карданд, ки танҳо либоси миллӣ (занҳо — сиёҳ, мардон — сафед) пӯшанд ва ҳамчунин эълом доштанд, ки гузоштани риш барои ҳар мард фарзи исломӣ аст.
Ҳаракати “Толибон”, ки 13 ноябри соли 2001 аз Кобул аз ҷониби неруҳои Эътилофи шимолӣ бо дастгирии иттиҳоди байналмиллалӣ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида бароварда шуда буд, баъди тақрибан 20 сол, пас аз он ки Вашингтон баҳори имсол эълон намуд, ки амалиёти ҷангии худро дар Афғонистон ба анҷом мерасонад, аз нав назорати Афғонистонро оғоз кард. 15 август президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, кишварро тарк кард ва толибон бидуни ҷанг вориди пойтахт шуданд. Радикалҳо 6 сентябр аз таъсиси назорат бар тамоми қаламрави Афғонистон хабар дода, 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатиро эълон карданд.
___________________
*«Толибон» — ҳаракати радикалии террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон
ДАР АКС: тиҷорати сартарошӣ дар Афғонистон баъд аз сарнагун шудани толибон ривоҷ ёфт, вале акнун ин амал ба қафо баргашт. Акс: Getty Images








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






