Толибон дар Афғонистон риштарошӣ ва ба сартарошхонаҳо рафтани мардонро манъ карданд

Ноябрь 3, 2021 12:56

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати  радикалии «Толибон»*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, барои мардони афғон тарошидани риш ва рафтан ба сартарошхонаҳоро манъ карда, ин тасмимро ба талаботи меъёрҳои исломӣ рабт дод. Тавре АМИТ «Ховар» навиштааст, дар ин бора рӯзномаи маҳаллии Ettelaat бо такя ба суханони раиси идораи иттилоот ва фарҳанги музофоти  ҷанубии Ҳилманд Ҳофиз Рашид Ҳилмандӣ хабар додааст. — «Ришатонро натарошед!»

 Ба гуфтаи ӯ, маҳдудияте, ки охири ҳафта дар минтақаи зикршуда ба иҷро даромад, ба тамоми Афғонистон дахл дорад. Дар худи Ҳилманд,  мисли пештара дар вилояти ҷанубу шарқи Қандаҳор  иҷрои мусиқӣ низ манъ карда шуд.

Тавре намояндаи мақомоти маҳаллӣ тавзеҳ дод, қарорҳои дахлдор дар ҷаласаи махсуси вазорати даъвати исломӣ, равия, амри маъруф ва наҳйи мункар, ки қаблан солҳои 1996-2001 мавҷуд буд ва ба наздикӣ ба ҷои Вазорати кор бо занон аз нав ташкил гардид, қабул шуданд.

Қаблан расонаҳои маҳаллӣ аз баста шудани шумораи зиёди толорҳои зебоӣ барои мардон ва сартарошхонаҳо дар саросари кишвар ба далели монеъ шудани ҷангҷӯёни толибон ба фаъолияти онҳо хабар дода буданд*.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 1996-2001 (дар нахустин зуҳури худ) аз рӯзҳои аввали ҳукмронӣ радикалҳо дар тарзи зиндагӣ ва хонаводагии афғонҳо танзими қатъӣ ҷорӣ намуда, телевизионро барҳам дода, мусиқии муосир, санъати тасвирӣ, аксу видеоро мамнӯъ эълон карданд. Илова бар ин, онҳо аз сокинони Афғонистон тақозо карданд, ки танҳо либоси миллӣ (занҳо — сиёҳ, мардон — сафед) пӯшанд ва ҳамчунин эълом доштанд, ки гузоштани риш барои ҳар мард фарзи исломӣ аст.

Ҳаракати “Толибон”, ки 13 ноябри соли 2001 аз Кобул аз ҷониби неруҳои Эътилофи шимолӣ бо дастгирии иттиҳоди байналмиллалӣ таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида бароварда шуда буд, баъди тақрибан 20 сол, пас аз он ки Вашингтон баҳори имсол эълон намуд, ки амалиёти ҷангии худро дар Афғонистон ба анҷом мерасонад,  аз нав назорати Афғонистонро оғоз кард. 15 август президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, кишварро тарк кард ва толибон бидуни ҷанг вориди пойтахт шуданд. Радикалҳо 6 сентябр аз таъсиси назорат бар тамоми қаламрави Афғонистон хабар дода, 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатиро эълон карданд.

___________________

*«Толибон» — ҳаракати радикалии террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон

ДАР АКС: тиҷорати сартарошӣ дар Афғонистон баъд аз сарнагун шудани толибон ривоҷ ёфт, вале акнун ин амал ба қафо баргашт. Акс: Getty Images

Ноябрь 3, 2021 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид