ВАО: дар назди бинои бемористон дар маркази Кобул ду таркиш ба амал омад

Ноябрь 3, 2021 12:45

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дуюмин таркиши пурқувват рӯзи сешанбе дар қисмати марказии Кобул, дар назди бинои бемористони ба номи Муҳаммад Довудхон рух дод. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора шабакаи телевизионии маҳаллии Tolo News хабар додааст.

 Ба иттилои ӯ, дар айни замон дар маҳаллаи Вазир-Акбархон, ки дар он намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ низ ҷойгиранд, миёни ҳамлагарон ва ҷангиёни ҳаракати тундгарои “Толибон” (мамнӯъ дар Русия), ки қудратро дар кишвар ба даст овардаанд, тирпарронӣ ҷараён дорад.

Тавре муовини дуюми вазири иттилоот ва фарҳанг Билол Каримӣ, ки аз ҷониби радикалҳо таъйин шудааст, ба шабакаи телевизионӣ гуфт, таркиши аввал дар назди даромадгоҳи бинои муассисаи тиббӣ, дуввумӣ дар атрофи он рух дод.

Бемористони ба номи Муҳаммад Довудхон барои 400 кат пешбинӣ шуда, ба Вазорати дифои Афғонистон тааллуқ дорад.

Дар бораи қурбониён ва захмбардоштагони ҳодиса ҳанӯз иттилое нест.

 АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 3, 2021 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд