Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Узбекистон соҳиби панҷ медал шуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ WKF таҳти унвони «СУРХОН ОПЕН 2021» бо иштироки беш аз 350 нафар варзишгарон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик иштироки фаъолона намуда, сазовори панҷ медал гардиданд, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба мухбири АМИТ «Ховар».
Дар мусобиқаи мазкур 45 нафар варзишгарон аз дастаҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, парчами Тоҷикистонро парафшон гардониданд. Аз дастаи вилояти Суғд 4 нафар- Ҷо-Чун-Си Руслан дар вазни +40кг сазовори ҷойи сеюм, Султонов Алишер дар вазни 47кг сазовори ҷойи дуюм, Муҳаммадҷон Фурқатзода дар вазни +68кг сазовори ҷойи дуюм ва сеюм ва Отабек Абдураҳмонов дар вазни-67кг соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






