Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта ва коркарди он шинос гардид
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ дар майдони 8890 гектар пунбадона кишт намуданд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ноҳия ба ҳолати 5 ноябр 19143 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки 66,9 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии мамлакат.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ бо ҷараёни корҳои ҷамъоварии ҳосили пахта ва коркарди он дар корхонаҳои пахтатозакунӣ, фаъолияти гармхонаҳои доимоамалкунанда, ҷамъоварии хӯроки чорво ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ шинос шуд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Мадина»-и ноҳияи Мастчоҳ гармхонаҳои муосири шакли чинӣ дар майдони 1 гектар бунёд карда шуда, дар майдони 0,40 гектар лимӯ ва 0,60 гектар помидор парвариш карда мешавад. Зимни суҳбат Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода ба масъулон ва хоҷагидорон барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва дар ҳама фасли сол таъмин намудани бозорҳо бо маҳсулоти талаботи рӯз ва иҷрои саривақтии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Вазири кишоварзии мамлакат аз корхонаи пахтатозакунии ҶДММ «Музаффар Ко» дидан намуда, барои сари вақт коркард намудани ашёи хоми ватанӣ ба масъулин тавсияҳо дод.
АКС аз Вазорати кишоварзии ҶТ








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






